Дар назди Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ студияи нави сабти суруд таъсис ёфт
ХОРУҒ, 26.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ студияи сабти оҳангу тарона боз шуд. Акнун ҳунармандони театр имконият пайдо намуданд, ки дар дохили бинои театр бо истифода аз таҷҳизоти муосири рақамӣ ва посухгӯ ба талаботи имрӯзаи ҷаҳони мусиқӣ таронаҳо, порчаҳои савтӣ барои намоишҳоро сабту танзим намоянд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан иттилоъ додааст.
Ҳунарманди маъруфи ин театр Ҷобиршои Хубоншо, ки қариб 30 сол боз рӯи саҳнаи ин театр тарона мехонад ва дар намоишҳо нақш меофарад, зимни суҳбат изҳор дошт, ки «қаблан сарояндагону оҳангсозони театр барои сабти суруду оҳангҳо ба телевизиони Бадахшон ва ё студияҳои шахсӣ муроҷиат менамуданд. Баъзе ҳунармандон ҳатто барои сабти суруд ба шаҳри Душанбе сафар намуда, маблағи зиёд масраф менамуданд.
«Ҳоло бо кумаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон театри мо соҳиби студияи ҳозирамони барҳаво гардид, ки ҳамаи дастгоҳу таҷҳизоти сабти суруд ва танзимгарӣ комилан нав аст. Акнун минбаъд на танҳо ҳунармандони театри вилоятӣ, балки ҳар ҳунарманде, ки маҳорату истеъдоди овозхонӣ дорад, метавонад аз хизмати ин студия истифода барад. Барои чунин кумаки воқеан зарурӣ аз номи ҳунармандони театр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос баён менамоям ва аз ин пас кӯшиш хоҳем кард, ки барномаҳои адабӣ-мусиқиро бо сифати баланду ҷавобгӯ ба меёърҳои ҷаҳонӣ сабт ва пешкаши сокинон гардонем», — илова кард ў.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






