Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт зарари бар асари заминларза хароб шудани манзилҳои истиқоматӣ муайян гардид
ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 24 март аз ҷониби гурӯҳҳои кории Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 манзили истиқоматӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Зимни он маълум гардид, ки дар ҳудуди деҳаи Палдорак 77 хона зарар дида, аз он 2 хона пурра ва 20 хона қисман осеб дидааст. Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Ярм 18 хонаи истиқоматӣ аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки аз шумораи умумии онҳо шаш хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар деҳаи Пакшиф бар асари заминларза 49 хона осеб дидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.
Ҳамчунин бар асари ин заминларза дар Ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт 53 хона зарар дида, аз ин 31 хона қисман хароб шудааст. Дар баробари ин дар деҳаи Пандовчӣ 7 хоҷагӣ ва деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод 12 хоҷагӣ бар асари заминларза зарар дидааст.
Комиссия ба хулосае омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шуда, ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштаанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда, муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






