Дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Рашт зарари бар асари заминларза хароб шудани манзилҳои истиқоматӣ муайян гардид

Март 27, 2023 11:36

ДУШАНБЕ, 27.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  24 март аз ҷониби гурӯҳҳои кории Комиссияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаҳои Палдорак, Ярм ва Пакшифи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 144 манзили истиқоматӣ аз санҷиш гузаронида шуд. Зимни он маълум гардид, ки дар ҳудуди деҳаи Палдорак 77 хона зарар дида, аз он 2 хона пурра ва 20 хона қисман осеб дидааст. Ҳамзамон дар ҳудуди деҳаи Ярм 18 хонаи истиқоматӣ аз назар гузаронида шуд. Маълум гардид, ки аз шумораи умумии онҳо шаш хонаи истиқоматӣ қисман вайрон шуда, дар деҳаи Пакшиф бар асари заминларза 49 хона осеб дидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур хабар медиҳад.

Ҳамчунин бар асари ин заминларза дар Ҷамоати Такоба ва Оби Меҳнати ноҳияи Рашт 53 хона зарар дида, аз ин 31 хона қисман хароб шудааст. Дар баробари ин дар деҳаи Пандовчӣ 7 хоҷагӣ ва деҳаи Кабутиёни ноҳияи Нуробод 12 хоҷагӣ бар асари заминларза зарар дидааст.

Комиссия ба хулосае омад, ки ин хонаҳои зарардида солҳои 70 ва 80-и асри гузашта сохта шуда, ҳангоми бунёди онҳо қоидаҳо ва меъёрҳои сохтмону меъморӣ комилан риоя нашудааст. Ҳамаи ин сохтмонҳои зарардида дар теппаҳо сохта шуда, таҳкурсӣ ҳам надоштаанд. Дару девори ин хонаҳо фарсуда шуда, муҳлати истифодаашон низ гузаштааст.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 27, 2023 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?
ОГОҲӢ! Аз 21 то 25 май дар Тоҷикистон хатари сар задани сел ва баландшавии сатҳи оби дарёҳо пешгӯӣ карда мешавад
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистону Корея дар соҳаҳои гуногун баррасӣ гардид
МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
Гиромидошти хотираи неки фарзандони фидокор ва сарсупурдаи миллат ҷузъи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон аст
«МАН ЧӢ ГӮЯМ ВАСФИ ИН ОЛИҶАНОБ…». Андешае дар ҳошияи ташаббуси наҷиби Пешвои миллат оид ба эҳёи хотираи таърихӣ ва бозгашти хоки рамзии фарзандони бузурги тоҷик ба оғӯши Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Форуми байналмилалии «Занон ва об» баргузор мешавад
Дар шаҳри Кӯлоб маросими супоридани хок аз қабри Николай Томин ба ҳайати Федератсияи Русия баргузор гардид
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар шакли китоби алоҳида муназзам гардонида шуданд
Аз зиндагӣ ва корномаи фарзандони номдори миллат — Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад