Дар Ҷопон барои одамони биноияшон суст системаи навигатсионӣ таҳия гардид

Март 11, 2023 16:37

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҷопонии Ashirase системаи «навигатсияи гардишӣ»-ро барои афроди биноияшон суст ихтироъ кардааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ» бо истинод ба New York Post.

Дастгоҳ ба пойафзол пӯшонида шуда, тавассути замимаи смартфон ба пои истифодабаранда барои ба кадом самт ҳаракат намудан ларзиш фиристода мешавад.

«Ashi» дар тарҷума аз забони ҷопонӣ маънои «кафи пой» ва «shirase» маънои огоҳ карданро дорад.

Як қисми дастгоҳ дар дохили пойафзол ҷойгир буда, дигараш ба қисми болоӣ часпонида шудааст ва дорои механизмҳои идоракунии барномаи навигатсионӣ (роҳбалад) ва батарея мебошад. Дастгоҳ маълумотро аз GPS истифода мебарад — ҳангоми роҳ рафтан ба истифодабаранда аломатҳои ларзиш фиристода мешаванд, ки кай ва дар куҷо бояд гардиш кунад ё истад.

«Мо умедворем, ки афроди дорои биноии суст метавонанд мустақилона роҳ раванд ва ҷаҳонро ба таври худ кашф намоянд», — омадааст дар изҳороти ширкат.

Ширкат хотирнишон мекунад, ки дастгоҳ барои афроди биноишашон суст, на барои нобиноён пешбинӣ шудааст. Интизор меравад, ки фурӯши ин дастгоҳ соли оянда оғоз карда шавад.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 11, 2023 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд