Дар Парлумони Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд

Март 7, 2023 16:42

ДУШАНБЕ, 07.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи  ҷашни  Рӯзи Модар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода занони парлумони касбии мамлакатро табрик намуда,  иброз дошт, ки «Дар ситоиши зан-модар волотарин суханҳо гуфта шуда, зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманд будани бонувони  тоҷик ҳанӯз се ҳазор қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст. Хизматҳои занон дар рушди  Тоҷикистон хеле назаррас мебошад».

Номбурда илова намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалат, қадру қиммат ва изату эҳтироми занон арҷ гузошта,  барҳақ иброз намудаанд, ки «сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан-модар муайян карда мешавад, аз руйи он арзёбӣ мегардад».

Гуфта шуд, ки маҳз меҳри беандозаи модар аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёму мулоқоташон бо зиёиёни мамлакат саҳми занонро дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки  соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа  мегардад.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2023 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид