Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи нахустини Шӯрои занону духтарон доир шуд

Март 9, 2023 10:33

ДУШАНБЕ, 09.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бӯстон ҷаласаи нахустини Шӯрои занону духтарон доир гардид, ки мақсад аз он  ҳамоҳанг кардани фаъолияти занону ҷавондухтарони шаҳр, мусоидат ба рушд ва ҳифзи  ҳуқуқу манфиатҳои  онҳо  мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Гуфта шуд, ки Шӯрои занону духтарон дар доираи тадбирҳои дастгирии давлатии занон, амалигардонии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», қарори Раиси шаҳри Бӯстон аз 27 деқабри соли 2021 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва фарогирии бештари занону духтарони фаъоли шаҳр ба чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ таъсис дода шудааст.

Вазифаҳои Шӯро таъмини иштироки васеи занону духтарони шаҳр дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, инчунин раванди демократикунонии ҷомеа, таҳия ва амалисозии нақшаҳое, ки ба рушду такомули маънавию фарҳангии занони шаҳр, дастгирии иҷтимоии онҳо нигаронида шудаанд, мусоидат намудан ба рушди ҳаракати ҷамъиятии занону ҷавондухтарони шаҳр,  ҷалби занону ҷавондухтарон ба такмили ихтисос ва курсҳои бозомӯзӣ, пешгирии паҳншавии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ дар байни занону ҷавондухтарон ва дастгирии ташаббусҳои созандаи занони шаҳр мебошад.

Тазаккур дода шуд, ки шӯрои мазкур то ин дам дар шаклҳои гуногун фаъолият менамуд. Аммо бо мақсади ба маҷрои муайян равона намудани неруи созандаи занону духтарон, сарҷамъ намудани иқтидори зеҳниву маънавии занону духтарон ҷиҳати рушди бонизоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва ҳалли масъалаҳои марбут ба ҳаёти онҳо бо иштироки намояндагии занону духтарон тасмим гирифта шуд, ки ба Шӯро мақоми расмӣ бахшида шавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Март 9, 2023 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд