Дар ШМА марҳилаи аввали озмоишҳои клиникии вояи «хушк»-ро аз бемории сил гузарониданд
ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи байналмилалии табибон марҳилаи аввали озмоишҳои клиникии вояи зидди силро дар асоси вояи ID93 анҷом дод. Натиҷаи кор дар маҷаллаи Nature Communications ба нашр расидааст. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар бораи натиҷаи он 6 март хадамоти матбуотии Донишкадаи америкоӣ оид ба рушди дастрасӣ ба хизматрасонии тиббии пешрафта (AAHI) иттилоъ додааст.
«Мо озмоишҳои аввалини клиникии намунаи вояи сафедаро бар зидди бемории сил гузаронидем, ки устувории он аз ҳарорати муҳити зист вобаста нест. Истифодаи оммавии он на танҳо дастрасиро ба вояҳои зидди бемории сил дар он минтақаҳои ҷаҳон, ки ин беморӣ дар он ҷойҳо дар авҷ аст, беҳтар мекунад, балки хароҷоти вобаста ба нигоҳдории вояҳоро дар ҳарорати паст коҳиш медиҳад»,-изҳор дошт таҳиягари пешбари воя дар AAHI (ШМА) Кристофер Фокс, ки суханони ӯро хадамоти матбуотии донишкада иқтибос овардааст.
Воситаи асосии мубориза бар зидди сил ҳоло ҳам ваксинаи БСЖ мебошад, ки онро фаронсавиҳо Алберт Калмет ва Камил Герин соли 1921 таҳия кардаанд. Яке аз камбудии воя дар он аст, ки он бояд дар шакли моеъ дар ҳарорати пасти муҳити зист нигоҳ дошта шавад, ки ин ба истифодаи вояҳои сил дар давлатҳои тропикӣ ва экваторӣ халал эҷод мекунад.
Чанде қабл муҳаққиқон як намунаи комилан «хушк»-и ин вояро таҳия карданд, ки метавонад дар ҳама гуна шароити муҳити зист нигоҳ дошта шавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: AP Photo / Ross D. Franklin








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






