Дар Шветсия бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар 70 соли охир ба мушоҳида расид
ДУШАНБЕ, 21.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар Шветсия дар 12 моҳи охир бештар аз 20% афзудааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда дар ҳафт даҳсолаи охир ба ҳисоб меравад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ иттилоъ медиҳад.
Тавре ки АЗЕРТАҶ бо истинод ба маълумоти Агентии омори Шветсия иттилоъ медиҳад, дар давраи аз моҳи феврали соли 2022 то феврали соли 2023 маводи ғизоӣ ва нӯшокиҳои ғайримашруботӣ нисбат ба ҳамин давраи 12 моҳи қаблӣ 20,95% гарон шудааст.
Ҳамин тавр, дар шоҳигарӣ бузургтарин ҷаҳиши солонаи нархи ғизо дар даҳсолаҳои охир ба қайд гирифта шуд. Бори охир нархи маҳсулот беш аз 20% дар муддати 12 моҳ танҳо соли 1951 баланд шуда буд.
Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






