Дар Теҳрон Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон ва як идда намояндагони илму адаби Эрон баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.
Ба муносибати ин ҷашни муҳимми ниёгон ҳамчунин муаррифии китобҳои адибони тоҷик, аз ҷумла осори устод Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Қутбӣ Киром, Аскар Ҳаким, Низом Қосим, Фарзона, Баҳманёр ва дигарон, ки дар се соли ахир дар Эрон ба табъ расидаанд, рӯнамоӣ шуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ маҳфили наврӯзиро бо сухани табрикӣ ифтитоҳ намуда, аз таърихи куҳани Наврӯз иттилоъ дод ва аҳаммияти онро дар гуфтугӯи тамаддунҳо ва робитаҳои фарҳангии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва берун аз он таъкид кард. Сафир инчунин афзуд, ки Наврӯз дар замони Истиқлоли мамлакат маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун ҷашни миллии тоҷикон ва ҷузъи худдшиносии миллӣ мақоми вижа пайдо кард.
Дар ҷашн меҳмонони Сафорат, аз ҷумла сафири собиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст, шоир ва адабиётшиноси шинохтаи эронӣ Алиризои Қазва, сардабири маҷаллаи “Бухоро” ва муҳаққиқи номдор Алии Деҳбошӣ, ноширони осори адибони тоҷик дар Эрон Мустафо Бобохонӣ, Зебо Алихонӣ, Шаҳроми Султонӣ сухан гуфта, муштаракоти фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон, ки бузургдошти Наврӯзи ниёгон аз он ҷумла аст, иртиботи адабии ду давлати дӯст ва бародарро аз ҷанбаҳои муҳимму созандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон арзёбӣ намуданд.
Дар бахши ниҳоии ҷашн Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Баротов бо сурудҳои наврӯзӣ хотири ҳозиринро шод намуд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Эрон








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






