Дар Тоҷикистон қариб 80 ҳазор зани соҳибкор дар рушди иқтисоди мамлакат саҳми назаррас мегузорад

Март 8, 2023 10:23

ДУШАНБЕ, 08.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз занони соҳибкори ҷумҳурӣ беш аз 23 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакат ва роҳбарии 10 фоизи корхонаҳои хурду миёнаро ташкил медиҳанд, — чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Барзудиева дар остонаи Рӯзи Модар.

Мавсуф афзуд, ки барои занони соҳибкори тоҷик тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ҳуқуқ ва имконияти баробар фароҳам оварда шудааст, ки бозгӯи ғамхорию таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, ки ба мусоид намудани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ замина гузошт, теъдоди соҳибкорон, бахусус аз ҳисоби занону духтарон муназзам тамоюли афзоиш дорад.

Манзура Барзудиева мегӯяд, ки аз 340 ҳазор субъектҳои соҳибкории дар миқёси ҷумҳурӣ фаъолиятдошта беш аз 79 ҳазор ё 23 фоизи субъектҳои соҳибкории мамлакатро зан ташкил медиҳад.

Имрӯз занони соҳибкори тоҷик дар соҳаҳои саноати сабук- дӯзандагӣ, бофандагӣ, кишоварзӣ- боғпарварӣ, чорводорӣ, занбӯрпарварӣ, сохтмон, логистика ва дигар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди мамлакат фаъолияти густурда дошта, муваффақ гардидаанд. Барои пешрафти фаъолияти занони соҳибкор аз соли 2006 инҷониб аз ҷониби ниҳодҳои марбутаи мамлакат грантҳои президентӣ дода мешаванд, ки ин раванд бозгӯи дастгириҳои Сарвари давлатамон дар самти дастгирии занону духтарони соҳибкори мамлакат мебошад.

Инчунин то имрӯз аз ҷониби Корхонаи Воҳидии Давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» дар маҷмуъ ба 53 шаҳру ноҳияи мамлакат зиёда аз 445,5 миллион сомонӣ маблағҳои имтиёзноки қарзӣ ҷудо гардидаанд, ки аз он лоиҳаи занони соҳибкор ба маблағи 37,8 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардидааст. Он асосан соҳаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, истеҳсоли лампаҳои каммасраф, истеҳсоли маводи дорувории тиббиро дар бар мегирад.

Инчунин дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурӯҳи кории доимамалкунанда оид ба тақвияти рушди соҳибкорӣ байни занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд фаъолият менамояд.

«Самтҳои асосии фаъолияти гурӯҳи корӣ ба ҳамоҳангсозии сиёсат ва барномаҳои дастгирии соҳибкории занон, беҳтар намудани заминаи таҳлилӣ барои ошкор намудани мушкилот дар ин самт, тарғиби фаъолияти соҳибкорӣ ва тавсеаи дастрасии занон ба донишу малакаҳои зарурӣ, рушд ва дастгирии ҳунармандӣ, дастрасии занон ба воситаҳои молиявӣ ва замин, дастгирии занони деҳот равона карда шудааст. Ҳамзамон нақшаи кории Гурӯҳи корӣ дар ҳоли такмил қарор дорад»,- мегӯяд Манзура Барзудиева.

Бояд гуфт, ки ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ мунтазам баргузор шуда, мушкилиҳо дар самти рушди соҳибкории занон, ҷавонон ва шахсони имконияташон маҳдуд баррасӣ карда шуда, таклифу пешниҳодҳо манзур мешаванд.

Ҳамзамон ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба фаъолияти соҳибкорию сармоягузорон заминаи мобилии «Соҳибкор» таҳия ва бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шабакаи интернетӣ

ба роҳ монда шуд. Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорзанон ва татбиқу ҷорӣ намудани шакли муосири пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ таъсис ёфт.

Инчунин дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд Маркази омӯзиши соҳибкорон таъсис дода шуд, ки ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибтахассус дар самти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус байни занон ва беҳтар кардани малакаҳои соҳибкорӣ замина мегузорад. Соли гузашта зиёда аз 150 чорабинии омӯзишӣ барои соҳибкорон, аз ҷумла занони соҳибкор гузаронида шуд, ки минбаъд ин раванд боз ҳам тақвият дода мешавад.

Назар ба иттилои сармутахассиси Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар ҷаласаи XXII Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки «мукаммалсозиву содагардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити боз ҳам мусоид барои соҳибкории бонувон, бахусус дастрасӣ ба захираҳои молиявии арзон, таъмини инфрасохтор ҷиҳати фаъолияти самараноки занон ва касбомӯзиву баланд бардоштани малакаи соҳибкории онҳо муҳим арзёбӣ мегардад».

«Аз ин рӯ, ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Котиботи Шӯро супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо лоиҳаи Барномаи рушди соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва пешниҳод намоянд. Дар робита ба он аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мушовирони маҳаллӣ лоиҳаи «Барномаи рушди соҳибкории бонувон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия шуд, ки он дар баррасии вазорату идораҳои марбутаи мамлакат қарор дорад»,- гуфт дар анҷом Манзура Барзудиева.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2023 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд