Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии малах техникаи зарурӣ дастрас карда шуд

Март 2, 2023 09:26

ДУШАНБЕ, 02.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 1 март ба Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва эмин нигоҳ доштани зироати кишоварзӣ аз ҳашароти зараровар ва роҳ надодан ба паҳншавии малах 5 мошини обкашон, 5 микроавтобус,  хаймаҳои саҳроӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ тақдим гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Таҷҳизоти мазкур дар доираи лоиҳаи «Барномаи беҳсозии минтақавӣ ва миллии мубориза бар зидди малах дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» ба ҷониби Тоҷикистон супорида шуд.

Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» ва филиалҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати сари вақт ба анҷом расонидани чорабиниҳои мубориза бар зидди малах дар мавсими соли 2022 727 адад техника ва дигар таҷҳизоти заруриро дар ҳолати корӣ омода намуда буд.

Соли сипаригардида дар ҷумҳурӣ дар майдони 117 070 гектар коркарди кимиёвӣ бар зидди малах гузаронида шуд. Дар ин давра  ҳолатҳои зарар расонидани малах дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта нашудааст.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 2, 2023 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд