Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон Рӯзи матбуот таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 10.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи матбуот дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Дар ҷамъомад роҳбарияти Вазорати маориф ва илм намояндагони воситаҳои ахбори оммаро ба иди касбӣ табрик намуда, доир ба таърих ва нақши матбуоти соҳавӣ дар рушду нумӯи соҳаи маорифи мамлакат, ҳамчунин таъсири воситаҳои ахбори омма, махсусан телевизиону матбуот ба афкори ҷомеа сухан гуфтанд.
Гуфта шуд, ки матбуоти тоҷик аз оғози фаъолият то ба имрӯз дар пешрафти ҷомеа, фаъолияти хуби мақомоту муассиса ва таҳким бахшидани давлатдорию рушди мамлакат нақши босазо гузоштааст. Дар ин раванд нақши рӯзномаву маҷаллаҳо, ки дар саҳифаҳояшон воқеоту рӯйдод, мавзӯъҳои мубрами ҳаёти ҷомеа ва ҷаҳонро дар қолаби жанрҳои хабару гузориш, мақолаю мусоҳиба, очерку лавҳа, памфлету фелетон, тақриз ва ғайра инъикос месозанд, хеле назаррас аст.
Тазаккур дода шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ теъдоди зиёди рӯзномаву маҷаллаҳо бо ҳадафҳои неку созанда арзи вуҷуд карда, дар тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инъикоси дастовардҳо ва таҳкими истиқлоли воқеии мамлакат, сулҳу ваҳдати миллӣ ва ободию пешравии Ватанамон саҳми назаррас гузоштанд.
Иштирокдорони ҳамоиш дар мавзуи «Истиқлол ва нашрияи «Омӯзгор», «Нақши матбуоти соҳавӣ дар пешрафти маорифи мамлакат» маъруза карданд. Дар идома иштирокчиёни ҳамоиш фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба ин ид баён намуданд.
Дар охир ба як зумра рӯзноманигорон нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳамчунин фаъолони маҷаллаву ҳафтаномаҳои Вазорати маориф ва илм аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи соҳаи маориф бо «Ифтихорнома» сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад






