Дар Юнон бар асари бархӯрди қатораҳо 26 нафар ҳалок шуда, 85 кас ҷароҳат бардошт
ДУШАНБЕ, 01.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Юнон бар асари бархӯрди қатораҳои мусофирбар ва боркаш 26 нафар ҳалок шуда, 85 нафар ҷароҳат бардошт. Дар ин хусус намояндаи расмии хадамоти сӯхторнишонии Юнон Василис Ватракояннис хабар додааст, иттилоъ медиҳад АБИ «Казинформ».
270 мусофирро аз ҷойи ҳодиса кӯчонида, тариқи автобус ба шаҳри Салоники равон карданд.
Дар ҷойи садама сӯхторнишонон дар 40 мошин кор мекунанд. Кормандони воҳидҳои махсус оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ низ ҳозир шудаанд. Кӯшишу ҳаракати онҳо асосан ба дарёфти ҷасадҳо равона шудааст.
Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






