Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид

Март 30, 2023 13:36

ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шаҳринав дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мазкур.

Иброз гардид, ки мақсад аз баргузории ҷаласаи мазкур таъмини иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва дар маҷмуъ таъмини устувории макроиқтисодӣ дар мамлакат ба шумор меравад.

Тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар ҷаласа аз ҷониби шахсони масъул дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шаҳринав ва вилояти Хатлон дар соли 2024 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2025-2026 муаррифӣ карда шуд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 30, 2023 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд