ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ – ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА. Дар шаҳри Турсунзода вобаста ба пешгирии хатарҳои замони муосир корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд

Март 11, 2023 18:18

ДУШАНБЕ, 11.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода вобаста  ба масъалаҳои пешгирии хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили  терроризм ва эктремизм дар байни аҳолии ҷамоати шаҳраку деҳот тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар доираи ин тадбирҳо  вохӯрии роҳбарияти шаҳр  бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Пахтаобод ва Навобод баргузор гардид, ки дар он  раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, фаъолони ҷомеа, омӯзгорону хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.

Дар оғоз роҳбарияти шаҳр дар бораи сабабҳои пайдоиши экстремизм, ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намудани насли ҷавону наврас сухан гуфта, онҳоро ба  ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистон ва дастовардҳои беназири он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ даъват намуд.

Таъкид карда шуд, ки хатари идеологияи гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҳимояи дастҷамъонаи марзу буми мамлакат, давлатдории миллӣ, боз ҳам қавӣ гардонидани асосҳои сохти конститутсионӣ, арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва таърихиро тақозо менамояд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ  аз роҳбарони ташкилоту муассиса, корхонаву идора, имомхатибон, фаъолон, зиёиён ва сокинони деҳот бори дигар  даъват ба амал оварда шуд, ки барои тақдири насли наврасу ҷавони имрӯза бетараф набошанд ва дар ҳар хонадон, кӯча, маҳалла, деҳа ва  ҷамоат бо иштироки доираҳои васеи шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, мафкураву идеологияи аҳолиро дар самти ватандориву меҳанпарастӣ баланд бардоранд ва  барои боз ҳам вусъат додани бунёдкориву созандагӣ камари ҳиммат банданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Март 11, 2023 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид