ФУТБОЛ. Дастаҳои «Хуҷанд» ва «Ҳосилот» ба финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023 роҳ ёфтанд

Март 13, 2023 17:13

ДУШАНБЕ, 13.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои гурӯҳии Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2023  ба анҷом расиданд. Дар ин хусус ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд. 

Тибқи низомномаи мусобиқа, ду даста аз се зинаи аввали гурӯҳҳо бо нишондиҳандаи беҳтар дар финал бозӣ мекунанд. Дастаи сеюми зинаи аввал бо як даста аз се зинаҳои дуюм бо нишондиҳандаи беҳтар барои ишғоли зинаи сеюми мусобиқа вомехӯрад.

Чун дар гурӯҳи «А»  4 даста ҳасту дар гурӯҳҳои «Б»  ва  «В» сетоӣ, тибқи муқаррарот, барои тақсими одилонаи гурӯҳҳо дар гурӯҳи «А»  зимни ҳисоб холҳои касбкарда ба муқобили дастаи охирини гурӯҳ ба инобат гирифта намешавад.

Ҳамин тариқ,  дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 6 хол (мусовӣ ба муқобили дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  ба ҳисоб гирифта намешавад) ва  дастаи  футболи  «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор бо 6 хол дар финал рақобат мекунанд. Ғолиби гурӯҳи «В»  дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода  бо беҳтарин даста дар байни зинаҳои дуюм-  дастаҳои  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд   ва   «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ, ки   бо 4 хол дар зинаи дуюм аст, барои ишғоли зинаи сеюм  мубориза мебаранд.

Ёдовар мешавем, ки  бозиҳои ниҳоии мусобиқаи Ҷоми ЛФТ-2023 15 март соати 10:00  (бозӣ барои ҷои сеюм) ва 14:00 (финал) баргузор мегарданд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Март 13, 2023 17:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон