ИФТИХОР АЗ АСОЛАТИ МИЛЛӢ. Сокинони минтақаи Долони ноҳияи Шаҳринав Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
ШАҲРИНАВ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаҳои минтақаи Долони Ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ гуфта шуд, ки Наврӯз чун рукни муҳими худшиносии миллӣ воситаи асосии пайвандгари наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои миллӣ, инсондӯстӣ, дур сохтани кинаву кудурат, ҳамдигарбахшӣ, рамзи дӯстӣ ва расидан ба қадри зиндагии бофараҳ мебошад.
Меҳмонону сокинон зимни иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз аз намоиши урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон, расму ойинҳои тоҷикон дар айёми Наврӯз, аз ҷумла ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ, суманак, ҳафтсину ҳафтшин, ва, ресандагӣ дидан карданд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ин ҷашни аҷдодӣ бо ифтихор аз асолати миллӣ таҷлил карда мешавад.
Бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангиву фароғатиро пешкаши сокинон гардонида, бо рақсу сурудҳои дилнишин хотири ҳозиринро болида гардонид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав










Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд






