ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ! Дар минтақаҳои махсусан хатарноки шаҳри Турсунзода барои пешгирии сел ҳашар доир шуд

Март 6, 2023 13:31

ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо боло рафтани ҳарорати ҳаво эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ, ба мисли лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел ва ярч зиёд мешавад. Аз ин рӯ, 4 март дар минтақаҳои махсусан хатарноки ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва Навободи шаҳри Турсунзода кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳолии ду ҷамоати деҳот бо ҷалби техникаи махсус тамрину ҳашарҳои ғайринақшавӣ гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бо супориши роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд, ки корҳои пешгирикунанда ва ташкили ҳашари умумиро бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамоянд. Инчунин барои пешгирӣ аз хатари офатҳо тамринҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ гузаронда мешаванд.

Кормандони масъули Кумита бо иштироки роҳбарияти ҷамоатҳо оид ба омодагии аҳолӣ, ҷалби қувва ва воситаҳои шаҳр барои гузаронидани корҳои пешгирию тозакунӣ машқ доир карданд. Дар ҷараёни он роҳҳо, ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар аз хоку лой пок карда шуд.

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои сел, ярч, оқибатҳои боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва рафъи пайомадҳои офатҳои эҳтимолӣ бо аҳолӣ суҳбат карда, онҳоро омода месозанд.

Ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон,  соли сипаригардида дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба дарозии 50,5 км (198 фоизи нақша) ба маблағи 133,7 млн сомонӣ (185 фоиз) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар умум давоми 5 сол аз ҳисоби тамоми манбаъҳо ба маблағи 480,7 млн сомонӣ ба дарозии 216,0 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, иншооти харобгардидаи муҳофизатии соҳил барқарору мустаҳкам карда шуд. Ин имкон дод, ки хавфи шусташавии заминҳо ва иншооти хоҷагии халқ як андоза коҳиш дода шавад.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2023 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид