ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ! Дар минтақаҳои махсусан хатарноки шаҳри Турсунзода барои пешгирии сел ҳашар доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо боло рафтани ҳарорати ҳаво эҳтимоли сар задани офатҳои табиӣ, ба мисли лағзиши тарма, резиши санг ва омадани сел ва ярч зиёд мешавад. Аз ин рӯ, 4 март дар минтақаҳои махсусан хатарноки ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва Навободи шаҳри Турсунзода кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳолии ду ҷамоати деҳот бо ҷалби техникаи махсус тамрину ҳашарҳои ғайринақшавӣ гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бо супориши роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд, ки корҳои пешгирикунанда ва ташкили ҳашари умумиро бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамоянд. Инчунин барои пешгирӣ аз хатари офатҳо тамринҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданӣ гузаронда мешаванд.
Кормандони масъули Кумита бо иштироки роҳбарияти ҷамоатҳо оид ба омодагии аҳолӣ, ҷалби қувва ва воситаҳои шаҳр барои гузаронидани корҳои пешгирию тозакунӣ машқ доир карданд. Дар ҷараёни он роҳҳо, ҷӯйборҳо ва қубурҳои обгузар аз хоку лой пок карда шуд.
Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои сел, ярч, оқибатҳои боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо ва рафъи пайомадҳои офатҳои эҳтимолӣ бо аҳолӣ суҳбат карда, онҳоро омода месозанд.
Ба иттилои Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон, соли сипаригардида дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба дарозии 50,5 км (198 фоизи нақша) ба маблағи 133,7 млн сомонӣ (185 фоиз) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар умум давоми 5 сол аз ҳисоби тамоми манбаъҳо ба маблағи 480,7 млн сомонӣ ба дарозии 216,0 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида, иншооти харобгардидаи муҳофизатии соҳил барқарору мустаҳкам карда шуд. Ин имкон дод, ки хавфи шусташавии заминҳо ва иншооти хоҷагии халқ як андоза коҳиш дода шавад.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!






