Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия баргузор гардид. Мавзуъҳои гуногун мавриди муҳокима қарор гирифта, барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷониба бо имзои санадҳои нави ҳамкорӣ заминагузорӣ карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Муҳокимаи мавзуъҳои гуногуни муносибатҳои дуҷониба дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин баргузор гардид.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода натиҷаҳои мулоқоту музокироти баргузоршударо дар идомаи сиёсати созандаи сарони ҳар ду давлат барои ба сатҳи сифатан нави рушд баромадани дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Русия муҳим арзёбӣ кард.
Рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Русия дар афзалияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад ва имрӯз ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, иқтисод, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Татбиқи лоиҳаҳои зиёди муштарак ва афзуншавии гардиши бор байни ҳар ду давлат мисолӣ ин аст.
Таваҷҷуҳи бештар ба ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва афзалият ба таҳкими робитаҳо дар самти коркарди нафт, энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан, кишоварзӣ, низоми бонкӣ ва сайёҳӣ беҳтарин василаи таҳкими ҳамкорӣ дониста шуд.
Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин бо изҳори хушнудӣ аз баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди 2 ва 3 март байни Тоҷикистону Русия доиршуда таҳкими робитаҳоро дар оянда ба манфиати ҷонибҳо арзёбӣ намуд.
Ба Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода барои нақш гузоштан дар татбиқи сиёсати сарони давлатҳо, таҳкими дӯстӣ ва равнақи ҳамкории байнидавлатӣ мукофоти давлатии Федератсияи Русия супорида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






