Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 27.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешгўӣ мегардад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+14 дараҷа гарм ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 10+15 дараҷа гарм дар назар дошта шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 22+26 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 5+10 дараҷа гарм ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 22+26 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 19+23 дараҷа гарм мешавад.








Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд






