ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд
ДУШАНБЕ, 27.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 март Рӯзи умумиҷаҳонии театр ( World Theatre Day) мебошад. Ин сана ба ҳамаи кормандон – ҳунармандон, коргардонҳо, равшанидиҳандагону пардозгарон ва ҳатто чиптафурӯшу либоснигаҳдорандагон (гардеробчиҳо) низ тааллуқ дорад. Рӯзи умумиҷаҳонии театр аз соли 1961 бо ташаббуси вакилони Конгресси IX Институти байналхалқии театрӣ (MIT) таъсис дода шудааст. Беҳуда коргардони бузурги рус Константин Станиславский нафармудааст: «Театр аз либосовезак шуруъ мешавад, зеро маҳз либоснигоҳдорандагон аввалин шуда, тамошобинонро истиқбол мегиранд…». Он саҳнаҳое, ки дар театрҳо ба намоиш гузошта мешаванд, барои тағйир додани зеҳни одамӣ ва ба масири инсондӯстию мардумсолорӣ раҳнамун кардани ҷомеа равона шудаанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳунар ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. Дар айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд.
Тавре дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, шуруъ аз соли 2006 то имрӯз биноҳои Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пурра аз таъмир бароварда шуд. Бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлкат таъмир гардид. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби бинои замонавӣ шуд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаи омода кардани кадрҳо барои Театри миллии тоҷик, ки тибқи нақша баъди чанде ҳамчун як муассисаи комилу замонавии эҷодию истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ менамояд, чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои пешрафти санъати театрии касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қабул гардидани «Қонун дар бораи фарҳанг» (соли 1997) ва «Қонун дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (соли 2002) дар ин раванд, бешак, нақши муассир гузоштанд.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду театри касбӣ — Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара (соли 2003) ва Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд (соли 2004) ба фаъолият оғоз намуд.
Бояд тазаккур дод, ки театр рукни муҳими ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, ҳаводорони зиёд дорад. Ба намоиш гузоштани осори гуногунмуҳтаво, масъалаҳои мубрами рӯзгори инсонӣ, ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра дар саҳна рисолати ҳунари театрӣ буда, имрӯз низ чунин бори масъулияти муҳимро бар дӯш дорад. Тавре мутафаккири рус В. Г. Белинский гуфтааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост».
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Тоҷикистон марҳалаи муҳими ташаккули модели сулҳофарии тоҷикон ба ҳисоб меравад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Андешаҳо оид ба арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Пешвои миллат
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ






