ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд

Март 27, 2023 13:41

ДУШАНБЕ, 27.03.2022 /АМИТ «Ховар»/. 27 март Рӯзи умумиҷаҳонии театр ( World Theatre Day) мебошад. Ин сана ба ҳамаи кормандон – ҳунармандон, коргардонҳо, равшанидиҳандагону пардозгарон ва ҳатто чиптафурӯшу либоснигаҳдорандагон  (гардеробчиҳо) низ тааллуқ дорад. Рӯзи умумиҷаҳонии театр аз соли 1961 бо ташаббуси вакилони Конгресси IX Институти байналхалқии театрӣ (MIT) таъсис дода шудааст. Беҳуда коргардони бузурги рус Константин Станиславский нафармудааст: «Театр аз либосовезак  шуруъ мешавад, зеро маҳз либоснигоҳдорандагон аввалин шуда, тамошобинонро истиқбол мегиранд…».  Он саҳнаҳое, ки дар театрҳо ба намоиш гузошта мешаванд, барои тағйир додани зеҳни одамӣ ва ба масири инсондӯстию мардумсолорӣ раҳнамун кардани ҷомеа равона шудаанд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳунар ва санъат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат маҳсуб шуда, ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруи ақлониву зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, анъана, одобу ахлоқи ҳамида ва дигар муқаддасоти миллӣ дар ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст. Дар айни замон дар ҳудуди Тоҷикистон 22 театри халқӣ амал менамояд.

Тавре дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, шуруъ аз соли 2006 то имрӯз биноҳои Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода, Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов пурра аз таъмир бароварда шуд. Бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлкат таъмир гардид. Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Театри давлатии тамошобини ҷавон «Аҳорун» ба номи Муҳаммадҷон Қосимов соҳиби бинои замонавӣ шуд.

Бояд тазаккур дод, ки масъалаи омода кардани кадрҳо барои Театри миллии тоҷик, ки тибқи нақша баъди чанде ҳамчун як муассисаи комилу замонавии эҷодию истеҳсолӣ ба фаъолият шуруъ менамояд, чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои пешрафти санъати театрии касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қабул гардидани «Қонун дар бораи фарҳанг» (соли 1997) ва «Қонун дар бораи театр ва фаъолияти театрӣ» (соли 2002) дар ин раванд, бешак, нақши муассир гузоштанд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду театри касбӣ — Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара (соли  2003) ва Театри тамошобини навраси шаҳри Хуҷанд (соли 2004) ба  фаъолият оғоз намуд.

Бояд тазаккур дод, ки театр рукни муҳими ҳаёт ва фарҳанги одамӣ буда, ҳаводорони зиёд дорад. Ба намоиш гузоштани осори гуногунмуҳтаво, масъалаҳои мубрами рӯзгори инсонӣ, ҳалли мушкилоти доғу рӯзмарра дар саҳна рисолати ҳунари театрӣ буда, имрӯз низ чунин бори масъулияти муҳимро бар дӯш дорад. Тавре мутафаккири рус В. Г. Белинский гуфтааст: «Театр воситаи беҳтарини ҳалли мушкилоти рӯзгори мост».

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Март 27, 2023 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Замони оғози бозиҳои мусобиқаи «Cafa Nations Cup-2023» тасдиқ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
«ИСТЕҲСОЛИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти ин тамға корхонаи «Субҳи Ватан»-и Исфара содироти меваи хушкро ба роҳ мондааст
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
Ғолибони даври чоруми марҳилаи аввали Чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот муайян шуданд
Бори аввал дар Тоҷикистон ба парвариши моҳии навъи «бестер» хоҷагии «Моҳипарварии Каёнуш»-и ноҳияи Данғара шуруъ менамояд
«КӮКНОР-2023». Дар вилояти Суғд амалиёти пешгирикунанда гузаронида мешавад
Бори аввал дар Тоҷикистон Форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» баргузор гардид
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дзюдочиёни зиёда аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд
«ГАНҶ МАГИР, КИТОБ ГИР». Дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои бачагона оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ҷаҳонбинии нави иттилоотӣ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Дар Душанбе бори аввал ниммарафони байналмилалии Оne Run баргузор мешавад