«КӢ БА МАҚСАД МЕРАСАД?». Таҳти ин унвон бахшида ба Наврӯз китоби қиссаҳои бачагона ба нашр расид

Март 22, 2023 11:19

ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Наврӯзи фархундапай нависандаи маҳбуби тоҷик, дорандаи 7 ҷоизаи байналхалқӣ Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) китоби наверо таҳти унвони «Кӣ ба мақсад мерасад?» ба нашр расонд.

Тавре нависанда дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, китоб баҳри бачагону наврасон таҳия гардида, дар худ чил ҳикояро фаро мегирад.

Хонандаи наврас бо ба даст гирифтани ин китоб метавонад қиссаҳои ҷолибу хонданиеро, аз қабили «Афсонаи моҳтобӣ», «Се шарти меҳмондорӣ», «Сад соли умр», «Саргузашти гандум», «Ду одам ва ду хирс» ва дигар ҳикояву қиссаҳои аҷоибро мутолиа намояд.

Шераки Ориён доир ба бачагон филмномаҳо низ офаридааст, ба мисли филми тасвирии «Саргузашти гандум», «Шохчае, ки ба қаламча бадал ёфт», «Достони нур» ва филмҳои бадеӣ бо номҳои «Қадри дӯст», «Афсонаи зиндагӣ», ки ҷоизаҳои байналхалқиро сазовор гардидаанд.

Шераки Ориён муаллифи 43 филми бадеӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ ва тасвирӣ ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2023 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад