«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Хоруғ даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид

Март 8, 2023 15:57

ДУШАНБЕ, 08.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Дар  шаҳри Хоруғ даври ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар доданд.

Дар озмун беҳтарин кадбонуҳо аз  ҷамоати шаҳраки Сомоншаҳр ва Шоҳтемуриён фаъолона  иштирок намуданд. Барои баҳои сазовор гирифтан довталабон  таомҳои миллӣ, аз ҷумла, шакароб, қурутоб, оши бурида, шӯрбо, инчунин чаппотӣ, кулча ва хӯриш тайёр намуда, пешкаши иштирокдорон гардониданд.

Дар маросими супоридани мукофот ба ғолибони озмун Раиси шаҳри Хоруғ  баргузор намудани чунин озмунҳоро хеле муҳим арзёбӣ намуда, гуфт, ки «ҷавонону наврасони мо бояд аз ҳунармандони беҳтарин нозукиҳои ин ҳунарро омӯзанд ва ба таъриху тартиби  омодасозии таомҳои миллӣ аҳамияти зарурӣ диҳанд. Моро зарур аст, то ин ҳунарро, ки аз гузаштагони хеш ба мерос гирифтаем, ба насли имрӯза омӯзонем, то онҳо ба гӯшаи фаромӯшӣ нараванд. Баргузор намудани чунин озмунҳо ба эҳё ва рушди ҳунарҳои қадимии тоҷикон мусоидат менамояд».

Дар ҷамъбасти озмун ғолибон бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Хоруғ ва туҳфаҳоии хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Март 8, 2023 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад