Кишоварзони Тоҷикистон имсол дар 26 936 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш менамоянд

Март 24, 2023 12:24

ДУШАНБЕ, 24.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ соли 2023 дар майдони 26936 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли сипаригардида 1451 гектар зиёд мебошад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Соли 2022 дар майдони 25 485 гектар зироати равғандиҳанда кишт карда шуд, ки нисбат ба соли 2021  1331 ҳазор гектар кам мебошад. Инчунин соли сипаригардида 41 716 тонна ин навъи зироат истеҳсол карда шуд.

Бояд тазаккур дод, ки  офтобпараст, зағир, рапс ва арахис (чормағзи заминӣ), кунҷит, маъсар зироати асосии равғандиҳанда ба шумор мераванд. Дар баъзе аз кишварҳо аз зайтун, нахл ва какао равған мегиранд. Аз каду, сиёҳдона, чормағз, бодом, донаки зардолу ва ғайра низ равған истеҳсол мекунанд, вале серистеъмол нест.

Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, то солҳои чилуми асри гузаш­та мардуми ҷумҳурӣ  равғани зағир ва чорво (гову гӯсфанд) истеъмол  мекарданд. Баъди зиёд гардидани майдони  «тиллои сафед» ва фаровон шудани чигит истеҳсоли равғани пахта низ ба роҳ монда шуд. Ҳоло дар ҷаҳон равғани пахтаро асосан дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ истеъмол мекунанд.

Коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки асосан дар Тоҷикистон панҷ зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешавад, аз ҷумла зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, кишт ва парвариши зағир ё маъсар дар заминҳои лалмӣ ва офтобпараст, кунҷит ва чормағзи заминӣ дар заминҳои обӣ тавсия дода мешавад.

«Аҳамияти зироати равғандиҳанда дар он аст, ки дони он барои истеҳсоли равған истифода бурда мешавад, инчунин хӯроки  паранда ва тану баргашон барои хӯроки чорво ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок низ васеъ истифода мегардад. Инчунин аҳамияти кишти ин навъи зироат дар он аст, ки барои  киштгардони дигар зироат дар замин созгор мебошад»,- гуфт коршиноси соҳа.

Ҳамсуҳбати мо  камтаваҷҷуҳии кишоварзонро барои кишти ин навъи зироат ба чунин омилҳо, аз ҷумла солҳои охир баланд гардидани арзиши сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ рабт медиҳад. Он хароҷоте, ки марди деҳқон масраф мекунад, пас аз ғундоштани  ҳосил даромади онро ба даст оварда наметавонад. Инчунин омили дигар- воридоти бештари равғанҳои ин навъи зироат аз хориҷи мамлакат мебошад.

Назрулло Тошалиев иброз намуд, ки яке аз сабабҳои кам шудани ҳосилнокии зироат дар солҳои охир- ин тағйирёбии иқлим мебошад. Тағйирёбии иқлим на танҳо ба ҳосили зироати равғандиҳанда, балки ба дигар зироати кишоварзӣ низ таъсири манфии худро расонида истодааст.

Доктори илмҳои кишоварзӣ пешниҳод менамояд, ки агар дар заминҳои лалмӣ то 150 ҳазор гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш намоем, аҳолии мамлакатро 80 фоиз  бо равған таъмин карда  метавонем. Зеро заминҳои лалмии  минтақаҳои вилояти Хатлон ва водии Ҳисор барои парвариши зироати равғандиҳанда созгоранд, чунки ин заминҳо бо бориш таъмин мебошанд.

Кишоварзони мамлакат метавонанд ин навъи зироатро бештар дар кишти такрорӣ парвариш намоянд. Ба марди деҳқон тавсия дода мешавад, ки дар заминҳои обӣ баъд аз ҷамъоварии зироати гандум, ҷав, картошка ва сабзӣ кишти ин навъи зироат ба роҳ монда шавад. Зеро ин навъи зироат дар кишти такрорӣ бештар об талаб мекунад. Дар кишти такрорӣ зағир ва маҳсар тавсия дода намешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 декабри соли 2022 таъкид гардид, ки ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.

Сарвари давлат ба вазорату идораҳои масъул ва соҳибкорону сармоягузорон супориш доданд, ки соли 2023 корхонаҳои истеҳсоли равғани шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро тавассути муҷаҳҳазгардонӣ бо технологияҳои муосир бо иқтидори истеҳсолии солҳои қаблӣ барқарор намоянд.

Ин иқдоми Пешвои миллат ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат хеле муҳиму саривақтист, зеро бисёр давлатҳо соли сипаригардида бо мақсади таъмини сокинонашон бо равғани наботот содироти онро манъ карданд. Агар сокинони ҷумҳурӣ бо равғани истеҳсоли ватанӣ таъмин бошанд, аз як тараф, пеши роҳи баландшавии нархи озуқаворӣ гирифта мешавад, аз ҷониби дигар, дар мамлакат ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, берунравии асъори хориҷӣ низ пешгирӣ карда мешавад.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, барои фаъолияти мунтазами корхонаҳои равғанбарорӣ, пеш аз ҳама, таъмини мунтазами ашёи хом муҳим аст. Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ бояд барои зиёд кардани майдони кишти зироати равғандеҳ тадбир андешад. Инчунин корхонаҳои равғанбарории мамлакат бояд бо кишоварзони  ҷумҳурӣ дар хусуси харидорӣ намудани навъҳои зироати равғандиҳанда шартнома ба имзо расонанд. Дар сурати аз якчанд зироати равғандиҳанда ба роҳ мондани фаъолияти корхона истеҳсоли маҳсулот зиёду даромаднокӣ бештар шуда, вобастагии ҷумҳурӣ аз воридоти равған кам ва нархи он арзонтар хоҳад шуд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 24, 2023 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд