«КОРВОНИ САЛОМАТӢ». Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхиси ройгон фаро гирифта мешаванд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 29 март то 6 апрел аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Корвони саломатӣ» гузаронида шуда, дар он сокинони ноҳияи Мастчоҳ ба ташхис ва муоинаи ройгон фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати мазкур иттилоъ доданд.
Дар доираи ин маъкара ба сокинон 16 табиби ботаҷриба, аз ҷумла асабшинос, дилшинос, терапевт, гинеколог ва стоматолог хизмат мерасонад. Нақлиёти махсуси сайёр бо таҷҳизоти рентгенӣ, стоматологӣ, кардиологӣ ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, ташхис ва муоинаи ройгони шаҳрвандон ва дар ин замина баланд бардоштани фарҳанги солимии аҳолӣ давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи «Корвони саломатӣ» ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар доираи ин маърака нақлиёти махсуси сайёри тиббӣ бо навтарин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ ва мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун ба шаҳру навоҳии мамлакат сафар намуда, сокинонро ба ташхис ва муоинаҳои ройгон фаро мегирад.
АКС: Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






