Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои идона Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуд
ДУШАНБЕ, 22.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз идома дошта, 22 марти соли равон дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арҷгузорӣ ба расму оин ва анъанаҳои наврузӣ ҳамоиши фарҳангӣ –фароғатӣ баргузор карда шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар ин чорабинии бошукӯҳ роҳбарияти Кумита, собиқадорон, фаъолзанони мамлакат, тарбиятгирандагони Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят», ҳофизон ва меҳмонон аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Ҳамоиши идона аслан аз суманакпазӣ, ки рамзи Наврӯз аст, оғоз гардида, сипас меҳмонон аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз мақоми байналилалӣ гирифт ва ҳамасола ин ҷашни аҷдодиро дар аксари давлатҳои ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат пешвоз мегиранд.


Иброз гардид, ки ҷаҳонӣ гардидани Наврўз мусоидат намуд, ки анъанаҳои миллии фаромўшгаштаи мо аз нав эҳё гардида, мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгон ва покию зебоӣ дар фазои соҳибистиқлоливу ваҳдат бо шукргузорӣ аз Ватани обод таҷлил менамоем.
Дар ҷамъомад ҳамзамон сарояндаҳо ва шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ, бо суруду шеъру таронаҳои ҷаззобу дилнишини табъи иштирокдоронро болида гардониданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






