КВД «Тоҷагропромэкспорт» бо ширкати русиягӣ ҷиҳати содироти маҳсулоти кишоварзӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Март 11, 2023 15:43

ДУШАНБЕ, 11.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Созишномаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Торгово-закупочная сеть – Сибирь» ҷиҳати содирот намудани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, аз ҷумла пиёз, сабзӣ, карам, меваи тару тоза ва хушк, инчунин маҳсулоти тайёри ғизоӣ, бахусус шарбатҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот ба ин минтақаи Русия ба имзо расонида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии содирот хабар доданд.

Зимни мулоқоти Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва ҳайати намояндагони Ҳукумати Олтойи Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини раиси он Игор Степаненко, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон  қарор доштанд,  масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ  дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.

Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати Ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 11, 2023 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд