«МАЛИКАИ НАВРӮЗ — 2023». Дар Кӯлоб озмуни вилоятӣ доир карда шуд

Март 20, 2023 18:02

КӮЛОБ,  20.03.2023  /АМИТ «Ховар»/.   Дар шаҳри Кӯлоб озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз — 2023» доир шуд, ки дар он аъзои маҳфилҳои шаҳр фаъолона иштирок карданд, иттилоъ додааст мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Аъзои маҳфилҳо аз рӯйи шартҳои хондани тарона ва шеър, рақс ё суруд, тайёр кардани хӯриш, оростани хони наврӯзӣ ва пешниҳод кардани расми беҳтарин донишу маҳорати худро пешниҳод намуданд.

Озмуни «Маликаи Наврӯз — 2023» бо мақсади эҳёи анъанаҳои мардумии халқи тоҷик байни наврасон гузаронида шуда, мақсади он шинос шудан бо тарзи баргузории ҷашну анъанаҳои миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва ҳавасмандгардонии онҳо буд.

Аъзои ҳакамон ба маҳорати наврасон аз рӯйи шартҳо баҳо гузошта, ба беҳтаринҳо барои иштирок дар даври вилоятии озмуни «Маликаи Наврӯз — 2023» роҳхат доданд.

Озмуни мазкур бо оростани хони наврӯзӣ ва дигар талаботи зарурӣ дар сатҳи баланд баргузор шуда, барои ҳамаи иштирокчиён хотирмону ҷолиб анҷом ёфт.

Ғолибони озмун бо роҳхат дар даври вилоятии озмуни вилоятии «Маликаи Наврӯз — 2023» иштирок карда, бо дигар ғолибони минтақаҳои вилоят донишу маҳорат месанҷанд.

Наврасоне, ки дар озмун фаъол буданд, аз тарафи роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб бо туҳфа ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2023 18:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад