«МАТБУОТИ МИЛЛӢ-ТАРҒИБГАРИ АРЗИШҲОИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ». Таҳти ин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид

Март 13, 2023 16:52

ДУШАНБЕ, 13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи матбуоти даврии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Матбуоти миллӣ-тарғибгари арзишҳои истиқлоли давлатӣ» ҳамоиши илмӣ-омавӣ доир карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад. 

Дар ҳамоиши мазкур  муҳаққиқони соҳа ва рӯзноманигорону озӯзгорони факултетҳои журналистика иштирок намуданд.

Тазаккур дода шуд, ки  матбуот дар воқеъ яке аз рукнҳои муҳими сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Он агар бо риояи усулҳои неки рӯзноманигорӣ нашр шавад, дар таҳкими асолати миллӣ, пояи давлатдорӣ, худшиносии ҷомеа ва ҷаҳонбинии мардум нақши амиқ мебозад.

Ёдовар мешавем, ки Рӯзи матбуоти тоҷик шуруъ аз соли 1994 ҳамасола 11 март таҷлил карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.

Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст, «Бухорои шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Бояд тазаккур дод, ки матбуот ва дигар ВАО ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад.

Дар анҷоми ҳамоиш барои ҳамкории судманд ба як зумра роҳбарони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ «Ифтихорнома» тақдим гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 13, 2023 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд