МОДАР-САРЧАШМАИ ҲАЁТИ МУЗАФФАР. Дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 07.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи нашриявии «Ирфон» таҳти унвони «Зан-Модар — таҳкимгари сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ» ҷамъомади кормандон баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар муассисаи мазкур.
Директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода зимни табрики занону модарон бо ин ҷашни муқаддас иброз дошт, ки “Модар қувваи бузурги башарият буда, танзимгари неруи ақлонию ҷисмонӣ ба шумор меравад. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии хеш ба ин муносибат қадри занро бузург арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Мо вазифадорем, ки модарону бонувонро ҳамчун чароғи хонадон ва нигаҳдорандаи гармии ҳар хонаю кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо бирасем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем. Ва кӯшиш намоем, ки модарону занон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд. Дар ин рӯзи саид ба модарону занони азизи мамлакат муроҷиат карда, мехоҳам хотиррасон намоям, ки амонати вазнини инсонсозӣ, яъне ташаккули инсони солеҳу солим маҳз ба дӯши шумо гузошта шудааст».
Иброз гардид, ки бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар дар ҷумҳурии мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба Модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад. Зеро Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст.
Агар Наврӯз оғози эҳёи табиат бошад, Зан –Модар офарандаи ҳаёти инсонӣ мебошад. Ба ибораи дигар, зиндагии аҳли башар аз домони поки модар ва шири сафеду ҷонбахши ӯ сарчашма мегирад.
Дар ҳақиқат имрӯз ба дӯши модарон вазифаҳои хеле масъулиятнок гузошта шудааст. Албатта, маҳз модарон метавонанд, ки ин уҳдадорӣ ва масъулияти баланди зиндагиро сарбаландона иҷро намоянд, дар мустаҳкам гардидани сулҳу суботи комил, якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва рушди дигар соҳаҳои давлатдории Тоҷикистон саҳм гузоранд.
Дар ҷамъомад кормандони масъули соҳа оид ба сарчашмаи ҳаёти музаффар будани занон ва хизматҳои шоёни онҳо дар ҷомеа сухан гуфтанд.
АКС аз бойгонӣ








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






