Нақшаи «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026» тасдиқ гардид
ДУШАНБЕ, 15.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, намояндагони оҷонсиҳои СММ — аъзои гурӯҳҳои натиҷавии Барномаи қолабии СММ оид ба расонидани кумак барои рушд дар Тоҷикистон (UNSDCF) ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба тасдиқи нақшаҳои кории «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар вазорати мазкур хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёти мамлакат дар сатҳи 7,3 фоиз ва соли 2022 дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардид. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 71 млрд сомонии соли 2018 то ба 115 млрд сомонӣ дар соли 2022 ё 1,6 баробар расонида шуд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо агентиҳои СММ ва дигар шарикони рушди мамлакат барои таъмини рушди устувор ва мутавозини иқтисодӣ давоми солҳои 2016-2020 рушди миёнасолонаи ММД дар сатҳи на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми ММД 1,6 маротиба зиёд шуд. Ҳиссаи содирот дар гардиши савдои хориҷӣ аз 20 то 31 фоиз зиёд ва ҳиссаи воридот аз 80 то 69 фоиз кам гардид.
Дар натиҷа танҳо дар панҷ соли охир дар дохили мамлакат ба маблағи умумии беш аз 44 млрд сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол карда шуд, ки боиси хеле коҳиш ёфтани вобастагии бозори истеъмолӣ аз маҳсулоти воридотӣ гардид.
Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Сезин Синаноғлу Ҳукумати ҷумҳуриро барои ноил гардидан ба рушди назаррас дар давраи татбиқи барномаи UNDAF давоми солҳои 2016-2020 табрик намуда, барои ҳамкории самаранок ва ба даст овардани натиҷаҳои муштарак ҷиҳати дастгирии аҳолии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ кард. Ҳамзамон мавсуф омодагии СММ-ро барои идомаи ҳамкории мутақобилан судманд дар раванди тасдиқи нақшаҳои кории «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026» изҳор намуд.
Дар идома аъзои кумитаи муштараки роҳбарикунанда аз ҳисоби намояндагони шарикони рушд ва вазорату идораҳои ҷумҳурӣ нақшаҳои кории «Чаҳорчӯби ҳамкорӣ оид ба рушди устувор барои солҳои 2023-2026»-ро тасдиқ намуда, омодагии худро ҷиҳати афзоиш додани кумаку дастгирии минбаъда дар самти таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва экологӣ баён доштанд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






