НАВРӮЗ, МОДАРИ ТОҶИК ВА СИМОИ МИЛЛӢ. Дар ин баҳори хуҷастапай на фақат табиат, балки ҳунар низ гул кардааст

Март 20, 2023 13:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, ки баҳори гулафшон омадаву ҳама ҷо сабзу хуррам аст, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай накҳату шукуҳи он аллакай Ватани моро фаро гирифтааст. Вақте мо ба кӯча мебароем, чашму завқи мо на фақат аз шукуфоиву зебоии табиати диёрамон лаззат мебарад, балки сари ҳар қадам инсонҳои зебои хушсарулибос, хусусан занону духтарони нозанини  тоҷикро  дар перояву пероҳани рангину  пурнақшу нигор мебинем, ки аз ин  дилу чашмамон равшан ва табъамон шукуфон мешавад. Яке дар пироҳани дилрабои атласу дигаре дар пироҳани атрафшони адрас, яке дар куртаи сар ба по гулафшони чакану дигаре дар перояи дилрабои зардӯзӣ, ҳар яке зеботар аз ҳамдигар, ҳар яке нотакрору бешабеҳ. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар мақолаи хеш.

— Яъне дар ин баҳори хуҷастапай на фақат табиат, балки ҳунар низ гул кардааст. Пироҳан дар қомати инсон дар Тоҷикистони мо либоси одӣ нест, балки  намунаи ҳунару санъат, баёнгари ҳазорон армону орзу ва ҳавасҳои неки инсонист. Ва ин ҳама маҳсули дастони пурэъҷозу пурэҳсони модари тоҷик аст.

Ман ин маъниро бо ваҷд дар шеъри “Тоҷикистон аст ин ҷо” чунин ба қалам додаам:

Пираҳан дар қомати инсон
Нури нусрат дораду файзи саҳар,
Орзуи духтарон армони модарҳо
Бо ҳазорон ҷилваи маъно дурахшон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!
Дар чакан, дар атласу адрас мунаққаш
Нури чашми модари ҷон аст ин ҷо,
Дар нигоришҳои пурмаънои ҳар ранг
Ҷилваи сад аср пинҳон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!…

Дар бораи модари тоҷик, фазилату ҳунар, илму адабу шоистагиҳои инсонии ӯ борҳо гуфтаанду гуфтаем. Аммо аз назари ман ин  мавзуест, ки  ҳанӯз ҳамаҷониба пажӯҳиш наёфтааст. Хусусан, вақте ки мо дар бораи симои миллии халқамон андеша меронем, беихтиёр дарк мекунем, ки симои миллии мардуми моро, пеш аз ҳама, модарон бунёд гузоштаанд. Мо агар танҳо дар мавриди либосҳои миллиамон, ки бо ҳама ҷилои назокату зебоии бешабеҳ ифтихори миллии мо маҳсуб мешаванд, сухан кунем, мебинем ки бидуни ҳунари волои дастони сеҳрангези модари тоҷик, бидуни меҳру муҳаббати ӯ, бидуни андешаву армонҳои ӯ  онҳо наметавонистанд бо ин шукуҳу зебоӣ  вуҷуд дошта бошанд.

Ҷолиб он чиз аст, ки дар сарзамини нозанини мо, дар ин рӯзҳои таҷлили Наврӯзи дилафрӯз  ин падида дар ҳар гӯшае бо ҷилову навору рангҳои хоси худ арзи вуҷуд кардааст. Ва ин, пеш аз ҳама, маҳсули завқу ҳунари зан-модари тоҷик аст. Имрӯз дар Аврупо ва кишварҳои тараққикарда барои манзури одамон гардидани либосҳои мӯд,  сару тани нав ба нави мувофиқи табъу  созгор ба талабот, ҳамоҳанги замон ва мақбули ҳамагонбуда як дастаи калони ҳунармандон кор мебаранд- аз  рассому  дизайнеру  дӯзанда то созмонҳои баҳогузору роҳнамо- кореро, ки дар ватани кӯҳистони мо як модари тоҷик бо табъу завқ ва ҳунари хос ва  худоди худ ба сомон мерасонад. Ва  падидаи аҷибу  наҷиб  ин аст, ки агар мо дар як намоишгоҳ маҳсули ҳунари дастони модари тоҷик, либосҳои дӯхтаи ӯро дар баробари либосҳои мӯди замониву ҷаҳонӣ гузорем, ман аминам, ки либосҳои бо ҳазорон санъату завқ ва тахайюлоти бадеӣ омода кардаи зан-модари тоҷик на камтар аз либосҳои мӯду модерни замон маҳбубият ва муштарӣ пайдо хоҳанд кард.

Бешубҳа, вақте ки мо симои миллӣ мегӯем, манзурамон танҳо  симои зоҳирӣ нест, зеро хусусан барои миллати мо симои зоҳириву маънавӣ сахт бо ҳамдигар марбут аст. Яъне  симои зоҳирии мардуми моро, пеш аз ҳама, симои маънавии ӯ муайян менамояд. Яъне маърифат, фазилат, илму дониш, адабиёт  ва фарҳанг, ки бо онҳо сиришти таърихии халқи мо сиришта шудааст.

Дар таълимоти гузаштагони мо дар қатори одобу рафтору гуфтори  шоиста  оид ба либоспӯшӣ, инчунин доир ба мавридҳои либоспӯшӣ, мазмуни либосҳо,  маънои рангҳои либос; дар кадом маврид пӯшидани кадом либос ва чӣ маънӣ доштани пироҳан дар мавридҳои гуногун маълумоти аҷиби фаровон оварда шудааст. Масалан, дар китоби “Футувватномаи султонӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар қисмати  “Дар одоби ҷома пӯшидан”  боби хоссае ҳаст, ки дар хусуси одоби либоспӯшӣ маълумот медиҳад. Ва ин маълумот, ки хеле ҷолибанд, маҳсули таҷриба ва ақли расову таълимоти гузаштагони бузурги моянд. Масалан, либос бояд  гармо ё сарморо аз худ нагузаронад, яъне мувофиқ ба фасли сол бошад.

Дигар ин ки либос бояд мувофиқ ба амали ҳаррӯза бошад, на абрешимин ва зардӯзӣ. Ин ба он маъност, ки либосҳои зардӯзӣ ва абрешимӣ, ки танҳо дар ҳолатҳои мутантан пӯшида мешаванд, дар рӯзгори ҳамарӯза пӯшиданашон маслиҳат нест, чун таъсири носозгоре бар бадан доранд ва инсон дар онҳо худро озод ҳис намекунад.

Маърифат ва фарҳанги либоспӯшӣ дар таълимоти гузаштагони мо то ҷойе тараққӣ кардааст, ки ҳатто дар дастурҳои либоспӯшии онон кадом  ранги либос чӣ маънӣ дорад ва кадом либосро дар кадом маврид бояд пӯшид, маслиҳат дода шудааст. Масалан, дар мавриди пӯшидани либоси сабз гуфта шудааст, ки “он ишора ба сабза аст, ки аз замин  мерӯяд… ва сабзаро хосиятест, ки тозаву тар бошад ва сабаби хуррамӣ гардад ва равшанӣ дар дида бияфзояд. Пас, ҳар ки сабз пӯшад,  бояд, ки пайваста шукуфтаву хурраму хандон бувад, то дидаи ҳамсуҳбатон ба ҷамоли ӯ равшан гардад».

Ин далелҳо аз мактаби одоби либоспӯшии гузаштагони фозиламон барои он оварда шуданд, то исбот шавад, ки фарҳангу маърифати либоспӯшӣ, одоби он дар байни миллати мо собиқаи таърихие дорад, ки ҳанӯз аз асрҳои пешин  гувоҳ ва намунаи чунин фарҳанг будааст.

Метавон дар бораи ҳар ойини либосдӯзии миллии мо хеле сухан ронд, зеро мавзуъҳое  ҳастанд, ки барои пажӯҳиши алоҳидаи илмиву касбӣ мавод медиҳанд.

Гирем, танҳо санъати чакандӯзиро, балки ин як ҳунари волоест, ки асрҳо боз дар фарҳанги либоспӯшии мо пайгирӣ мешавад. На ҳар кас медонад, ки чакандӯзӣ як мактаби хоси ҳунарист, ки  омӯзиш ва иҷрои дурусти он  маърифати баланд тақозо дорад. Ҳар чакан, ҳар гул, ҳар нақш маъно, ҳадаф ва тарзи хоси фаҳмишу иҷрои  худро дорад ва ҷойе ин нақшу нигорҳо ба илмҳои кайҳоншиносиву таъриху сарнавишти халқи мо вобастагии қавӣ доранд ва табиист, ки барои фаҳм кардани онҳо маърифати хоссае бояд дошт.   Аммо дарсҳои ин мактаб дар куҷо таълим дода мешаванд? Чӣ донишмандоне онро раҳнамоӣ мекунанд?  Посух чунин ин аст, ки ин мактаби баланди ҳунарӣ дар муҳити хонадони модарони мо амал мекунад ва доктору профессору академикҳои он ҳамин модарони ҳунарманду донишманди моянд, ки ин ҳунар, ин илмро асрҳои аср на танҳо маҳфуз доштаанд, балки пайваста инкишоф медиҳанд. Айни ҳамин суханҳоро метавон дар мавриди ҳунарҳои дигари мардумии мо- адрасу атласбофӣ ва либосвориҳои омодамешуда аз онҳо гуфт.

Мактаби дигари нотакрор, донишкадаи ҳунари миллии зан-модари тоҷик зардӯзист, ки анқариб дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистони мо ривоҷ ёфтааст. Ин ҳунар боз хусусият ва нозукиҳои хоси мактаби худро дорад, ки дар ягон мактаби бузурги дунё таълим дода намешавад, ба ҷуз аз мактаби ҳунари дастони пурэъҷози модари тоҷик. Сӯзанӣ ва зардӯзиҳои дастони модари тоҷик  имрӯз беҳтарин ҳадя, беҳтарин, зеботарин  ва пуррамзтарин дастовези миллии мост,  ки акнун дар саросари дунё паҳн гаштаву мақбули ҷаҳониён гардидааст.

Баъзан банда ба андеша меафтам, ки оё чӣ неру, чӣ эъҷозе  ин ҳунарҳои миллии моро дар ҷаҳон беназир кардаанд. Гумон мекунам ду чиз: Аввалан, маърифат, илму дониши баланди зан-модари тоҷик, дуюм, меҳр, муҳаббат ва нури чашми зан-модари тоҷик, ки самимона ба рӯи он рехтааст.

Ҳунарҳои миллии мардуми мо, хусусан онҳое, ки марбут ба эъҷози  дастони модар ҳастанд, кайҳост эътирофи байналмилалӣ ёфтаанду пайваста, бо навбат аз ҷониби созмони байналмилалии Юнеско, мисли “Наврӯз”, чакани тоҷикӣ, “Фалак”ва “Шашмақом”-и  миллати мо  ҳамчун падидаи нодири ҷаҳонӣ ва дастоварди ҳунарии инсоният пазируфта шудаанд ва ин ҳанӯз оғоз аст. Ҳоло навбати он хоҳад расид, ки дигар ҳунару санъати миллии мо аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ эътирофи худро ёбанд, зеро ҳама некманишона ва башардӯстона буда, ба дарди инсоният мехӯранд.

Ҳунарҳои волои модар-зани тоҷик зиёданд ва як ҳунари дурахшони дигари онҳо ресандагиву бофандагӣ дар муҳити хонавода аст. Мо ҳама аз хурдӣ  дар ёд дорем, ки чӣ гуна кампираконаи тоҷик аз пашми гӯсфанд ришта мересиданду маводи гилембофӣ омода месохтанд ва сипас, онҳоро бо рангҳои гуногун ранг дода, дар рӯи ҳавлӣ рағзаҳои бофандагиро густурда менамуданд. Дар он рағзаҳо модарону хоҳарони ҳунарманди мо бо камоли маҳорат гилемҳое мебофтанд, ки ҳам ҳусни хонадон буданду ҳам роҳати зери пои хонаводаҳо.

Мо дар айёми Наврӯзи гулрезу ҳунархез мухтасар танҳо дар бораи ду ҳунари зан-модари тоҷик- ҳунарҳои дӯзандагии бофандагӣ  сухан кардем, аммо силсилаи ҳунарҳои  модарони тоҷик хеле зиёд аст ва шояд минбаъд бо тартиби муайян мавриди суҳбат қарор бигирад.

Наврӯзи хуҷастапайи мо, ки  имрӯз бо шарофати Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бо ташаббусу кӯшишҳои ватандӯстонаи Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи дубораи дурахшон ёфтаву Наврӯзи ҷаҳонӣ гардидааст, низ бо бисёре аз суннату маросим ва таомулҳои инсонпарварона ва башардӯстонаи  худ ба ҳунару заковати модарони тоҷик тавъам аст, ки дар мушкилтарин даврон, ҳатто дар замонҳое, ки мамнуъ эълон шуда  буд, дар хонадонҳои мо дар сиришти халқамон маҳфуз дошта шуданд.  Аксари таомулу маросим ва ҳунару оинҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз маҳз маҳсули заковату ҳунар ва муҳаббати фарогири занону модарони тоҷиканд, ки имрӯз бо фурӯғу шаҳомати бештаре эҳёи тоза ёфтаву ба ҷаҳониён манзур мешаванд.

Оё метавон дастурхонҳои рангину пуршаҳомату  серу пури наврӯзии халқи моро бе заҳмату ҳунари дастони модар тасаввур кард. Оё метавон  даҳҳо намуд нони модари тоҷик, анвои зиёди пухтупазу хӯроквориҳои идонаи моро бе заҳмат ва ҳунари дастони модарону занон  тасаввур кард? Албатта, не! На фақат ҷашни  пуршаҳомати Наврӯз, балки ҷашнҳои дигари миллии мо- Садаву Меҳргон низ ба шарофати мадарони хирадманду ватандӯсти мо эҳёи дубора ёфтаанд, зеро ҳамин зан-модари тоҷик буд, ки дар он солҳое, ки ин ҷашнҳо аз ҷониби аҷнабиёни ҳоким мамнуъ эълон карда шуданд, аз байн нарафтанд, зеро оташи Сада дар оташдони модари тоҷик ва меҳри Меҳргон дар сиришти бузургворонаи ӯ ҳамеша маҳфуз дошта шуда буд. Он чи мо дар мавриди ҷашнҳои миллии халқамон ва ҳунару саҳми бузурги модарону хоҳаронамон гуфтем, шояд аз сад як ҳиссаи саҳми воқеии онҳоро фаро нагирад, зеро ин мавзуъ интизори пажӯҳишу омӯзиши тозаву хоссаи пажӯҳишгарон хоҳад буд.

Наврӯзи зебои Тоҷикистонро куртаҳои рангобаранги атласу чакан, адрасу шоҳии гулдухтарони Тоҷикистон дучанд зебо гардонида, на танҳо ба ҳусни онҳо, балки бар шукуҳу шаҳомати мамлакати соҳибистиқлоли мо низ нуру сафо мефизоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2023 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Дуғдоғи беозору зебо «Парандаи сол-2025» дар Тоҷикистон интихоб шуд
Дар Самарқанд спектаклҳои «Хунхори Торросӣ» ва «Агар ҷанг намебуд» намоиш дода мешаванд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Миср дар самти таҳқиқ ва омӯзиши мероси таърихию фарҳангӣ густариш меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои директорони осорхонаҳои миллии Осиёи Марказӣ иштирок намуд
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ». Дар Ҷумҳурии Арабии Миср намоиши байналмилалӣ ифтитоҳ ёфт
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
НЕРУИ СИЁСИИ ПУРИҚТИДОР ВА МАКТАБИ ТАРБИЯИ КАДРҲОИ ТАВОНО. Ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Ғолиби «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шаина Мабатқадамова: «Маслиҳати падаронаи Сарвари давлат маро руҳбаланд кард»
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГЕОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН. «Атласи равандҳои экзогениву геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардид
ДАР ҲАМБАСТАГӢ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ МУҚОВИМАТ НАМОЕМ! Мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб дар сиёсати давлатии Тоҷикистон масъалаи асосӣ аст