Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»

Ноябрь 6, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар  паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тибқи Конститутсия давлати соҳибистиқлоли мо хусусияти иҷтимоӣ дорад ва мақсади он фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон мебошад.

«Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар мамлакат фазои орому осуда, волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, барои рушди бонизом ва устувори иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа шароити мусоид муҳайё гардид»,-таъкид намуданд Сарвари давлат.

Пешвои миллат хотиррасон намуданд, ки дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, қонунияту тартибот, инчунин, қабул ва амалӣ намудани консепсияҳо ва стратегияву барномаҳои давлатӣ мо дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳуқуқиву сиёсӣ ва фарҳангӣ ба дастовардҳои муҳимму арзишманди таърихӣ ноил гардидем.

«Тоҷикистони мо тибқи Конститутсия узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон ва тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ буда, имрӯз бо ташаббусҳои созандаи худ дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра нақши назаррас мегузорад»,-иброз доштанд Сарвари давлат.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 6, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ—ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн