НАВРӮЗИ ДАНҒАРА. Суратгузориш аз таҷлили ин ҷашни ҷаҳонӣ дар ин ноҳия
ДУШАНБЕ, 18.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо омадани Наврўзи хуҷастапай дашту дамани ноҳияи Данғара гулпўшу гулрез мегардад. Лолаҳои арғувонӣ, гулҳои рангоранги худрўй ва сабзазорони талу теппаҳои ин ноҳия басо дилрабо мегарданд.
Кас аз тамошои манзараҳои зебои табиати ин ноҳия ба ваҷҳ меояд. Заҳматкашони ноҳия Наврўзро бо риояи расму оин ва суннатҳои қадимаи халқи тоҷик пешвоз мегиранд.
Санъаткорони ноҳия бо оростани базми шеъру тарона ба мардум болидарўҳӣ мебахшанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара