ОЙИНАИ ЧЕҲРАНАМОИ МИЛЛАТ. Рӯзи Модар ифодаи эътирофи мақоми арзандаи зани тоҷик дар ҷомеа мебошад

Март 4, 2023 13:36

ДУШАНБЕ, 04.03.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи Модар дар феҳристи рӯзҳои иди Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият ва мақоми хосса дорад. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Зан – Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад». Чунин ибрози андеша намудааст  узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Махфират Хидирзода дар мақолааш, ки бахшида ба Рўзи Модар  ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст.

 — Таҷлили ин рӯз ифодаи таваҷҷуҳ ва эҳтироми роҳбарияти давлати мо ба шахсияти Зан-Модар ҳамчун офаридгори насли инсонӣ, тарбиятгари миллат, роҳнамои ҷомеа, нигоҳдорандаи фарҳангу арзишҳои миллӣ ва ҷунбонандаи гаҳвораи тамаддуни инсонист.

Шинохти мақому манзалати Зан-Модари тоҷик- ин шинохти миллат аст. Зеро бузургони олам дар давру замонҳои гуногун баҳодиҳии муваффақияти ҷомеаҳоро дар заминаи мақоми занон ва нақши онҳо дар рушди давлатҳо анҷом додаанд. Беҳуда нест, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занонро «ойинаи чеҳранамои миллат» унвон намудаанд. Вобаста ба ин, эълони Рӯзи Модар ифодаи эътирофи мақоми арзандаи Зан-Модар дар ҷомеаи тоҷик мебошад.

Низоми демократии рушди мамлакат, ки инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, ҳама гуна маҳдудкуниҳоро вобаста ба мансубияти ҷинсию иҷтимоӣ ва ғайра маҳкум мекунад, баробарии ҳуқуқу озодиҳои занону мардонро дар сатҳи Конститутсия эълон намудааст. Кафолати конститутсионии мазкур имкон додааст, ки дар Тоҷикистон сиёсати гендерии мувофик ба хусусияти миллию давлатии мо ташаккул ёфта, қонунгузории амалкунандаи мамлакат заминаҳои меъёрии ҳуқуқии мусоидро барои фаъол гардонидани нақши занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фароҳам овардааст. Ба таври умумӣ метавон дар бораи механизмҳои дастурӣ, ташкилӣ, меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳамоҳангсозӣ ёдовар шуд, ки дар татбиқи ҳадафҳои гузоштаи стратегӣ дар ин самт нақши созгор доранд.

Ташхиси гендерии қонунгузории мавҷудаи мамлакат нишон медиҳад, ки ягон меъёри маҳдудкунандаи ҳуқуқҳои занон вобаста ба интихоб шудан ва интихоб намудан, таҳсилу илмомӯзӣ, фаъолият дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии ҳалқ   мавҷуд нест. Ин ҳама имкон додааст, ки баҳри густариши мавқеи занон, ташаккул ва тақвияти нақши сиёсию иҷтимоии онҳо, эътирофашон аз ҷониби ҷомеа шароити созгор фароҳам оварда шавад.

Таҷлили Рӯзи Модар бозмондаи мафкуравии ягон низоми собиқи сиёсӣ нест, чуноне ки баъзе неруҳо ва гурӯҳҳои ифротӣ онро бозтоб медиҳанд. Хурофоту ҷаҳолат дар ин масъала нишонаи дур шудани чунин нафарон аз асолати инсонии худ мебошад. Зеро мантиқи амалҳо дар ин рӯз нишон медиҳад, ки ягон дину мазҳаб меҳрубонию қадршиносӣ ва шод намудани дили модарро манъ накарда ва касеро барои ин амал ба ҷазое ҳукм нанамудааст. Баръакс, шод намудани дили модар, нишон додани муҳаббати фарзандӣ, ҳамсарию бародарӣ ва садоқату вафодорӣ аз ҷумлаи беҳтарин хислатҳои инсонист, ки онҳоро фалсафаи одамият тарғибу қадр мекунад.  Аз ин рӯ, баҳсҳои бемаънӣ дар масъалаи мазкур ин нишонаи ҷаҳолатест, ки инсонҳоро пойбанди торикӣ намуда, аз иҷрои амалҳои хайр боз медорад.

Хусусан вақте ки сухан дар бораи эҳтироми Модар, шинохти ҷойгоҳи ин олиҳаи зиндагӣ ва бахшидани   рӯзи махсусе барои изҳори муҳаббати хосса ба ӯ меравад, бояд забони таассубу хурофот ва ҷаҳолат хомӯш бошад. Набояд фаромӯш кард, ки носипосӣ ба мақом, шахсият ва мавқеи Зан-Модар ин нишонаи костагии арзишҳои инсонӣ мебошад. Аз ин рӯ, дар шинохти фалсафа ва мантиқи таҷлили ин ҷашн бояд ба ақл такя намуд, на ба хурофоту таассуб. Бояд эътироф намуд, ки доираи арзишҳое, ки мо ягонагии онҳоро эътироф мекунем, хеле маҳдуд аст. Модар яке аз онҳост. Аз ин рӯ, набояд дар бахшидани рӯзе барои эҳтироми Модар мо тангназарӣ намоем. Ҳол он ки ҳама рӯз бояд Рӯзи Модар бошад.

Таҷлили ин рӯзи муқаддас василаи самарабахши шикасти қолабҳои шахшудаи иҷтимоию гендерӣ мебошад, ки дар пешрафт ва ташаббускории занон монеа эҷод мекунанд. Маҳз ҳамин қолабҳо макони фаъолияти занро дар доираи чаҳор девори хона маҳдуд намуда,таъсири беамони худро ба мафкура ва ҷаҳонбинии ӯ расонида, боиси паст шудани худбоварӣ ва худбаҳодии ӯ мегарданд. Дар натиҷа қудрату тавоноии  зеҳнию  мафкуравии зан заиф гашта, дар лаҳзаҳои вазнини зиндагӣ дар қабули қарори зарурӣ мушкилӣ мекашад. Чунин амалҳо боиси ташаккули фаҳмиши таҳрифшудаю хато дар бораи «заиф» будани зан мегардад, ки дар баъзе ҳолатҳо мафҳуми мазкурро ҳамчун синоними калимаи «зан» истифода мебаранд, ки таҷассуми бевоситаи таъсири қолабҳои гуфташуда мебошад. Хусусияти манфии қолабҳои иҷтимоию гендерӣ ҳам маҳз дар ҳамин буда, имкон намедиҳад, ки зан соҳиби тақдири худ бошад.

Вобаста ба ин бояд иброз намоям, ки Рӯзи Модар- ин рӯзест, ки фазои иҷтимоии ҷомеаро талошҳои ҳамгироӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва эҳтирому самимият саросар фаро мегиранд. Тавассути таҷлили ин ид амали густурдаи тарбиявие рӯйи кор гирифта мешавад, ки он барои ташаккули муносибатҳои созанда дар ҷомеа аҳамияти хос дорад. Зеро муҳаббату ҳамгироӣ омилҳои муҳимми таҳкимбахшанда аз сатҳи оила то дигар ниҳодҳои иҷтимоӣ мебошанд. Аз ин нуктаи назар, он ба сифати омили муҳимми тақвиятбахшандаи фаҳмиши умумии ҷомеа дар  масъалаи зарурати ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои асосии инсонӣ баромад мекунад, ки, мутаассифона, солҳои охир зери таъсири равандҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию иттилоотӣ коста шуда истодаанд. Собит шудааст, ки таҷлили идҳо ва санаҳои таърихӣ василаи муҳимми ташаккули арзишҳо ва густариши мавқеи онҳо дар ҷомеаҳо мебошад. Дар ин ҳошия, таҷлили Рӯзи Модар ҷанбаи қавии арзишӣ дошта, дар тарбияи наслҳои ҷомеа таъсири муҳимми тарбиявию маърифатӣ дорад.

Илова ба гуфтаҳои боло иброз намудан зарур аст, ки чун дигар рӯзҳои ид Рӯзи Модар ҷанбаи қавии эҳсосӣ дошта, ба рӯҳияи умумии ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.  Одитарин табрикот ва таманниёте, ки  ба модару хоҳар ва ҳамсару дигар наздикони худ эҳдо менамоед, сабаби болидарӯҳӣ, табъи хуш, қаноатмандӣ ва шукргузории онҳо мегардад. Аз ҳама муҳим, худи шахс қаноатманду болидарӯҳ мегардад. Равоншиносон собит намудаанд, ки таъсири эҳсосии чунин рӯзҳо дар муҳлатҳои муайян боқӣ монда, таъсири худро ба саломатӣ ва самаранокии фаъолияти ҳамаи нафарони ин доира мерасонад. Вобаста ба ин, вақте ки сухан дар бораи таъсири эҳсосии таҷлили Рӯзи Модар меравад, пас бе ягон муболиға метавон баён намуд, ки дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани он боиси рӯҳбаландии умумии ҷомеа мегардад.

Беҳуда нест, ки таҷлили ин санаи муқаддас чун анъанаи неки дар ҷомеа пазируфташуда бо табрикоти самимонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз меёбад. Амали мазкур дар фарҳанги давлатдории мо ҳамчун ифодаи иродаи сиёсии Сарвари давлат баромад мекунад, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ барои ташаккули мавқеи арзандаи занони тоҷик дар ҷомеа тадбирҳои муҳим анҷом дода истодаанд.

Ҳамин аст, ки мо, занону модарон, имкони бештари саҳмгузорӣ дар раванди пурифтихору пурмасъулияти ватансозиро соҳиб гаштаем ва рисолати худро дар Ватан-Модар иҷро намуда истодаем. Ҳамчун ойинаи чеҳранамои миллат занону бонувони тоҷик бо симои зебою латофати занона, иродаи устувори  ватанхоҳона ва шуҷоату ҷасорати фақат ба онҳо хос дар масири таҳкими давлатдории миллӣ гомҳои боварибахш бардошта, муваффақияту дастовардҳои ҷомеаро дар ҳама самтҳои ҳаёти мамлакат нишон дода истодаанд.

Махфират ХИДИРЗОДА,
узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 4, 2023 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид