Пагоҳ дар Китобхонаи миллӣ 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мешавад

Март 10, 2023 16:33

ДУШАНБЕ, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 11 март дар Китобхонаи  миллии Тоҷикистон бахшида ба 111-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик намоиши китобҳои тозанашр ва ҳамоиш доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти  Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Дар ин рӯз як зумра рӯзноманигорон бо унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳо қардонӣ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки Рӯзи матбуоти тоҷик  бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994  рӯзи 11 март қайд карда мешавад. Рӯзи матбуоти тоҷик  ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- «Бухорои шариф», ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфта, дастраси хонандагон гардида буд,  иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.

Тавре устод Садриддин Айнӣ иброз доштааст, «Бухорои шариф» дар торикистони таърих чароғе буд, ки  мардумро бо рӯшноияш ба роҳи саводу маърифат ва огаҳию худшиносӣ бурд».

Бояд тазаккур дод, ки матбуот ва дигар ВАО ҳамчун воситаи асосӣ ва муҳимтарини инъикоси масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар пешрафту рушди мамлакат ва ҷомеа нақши назаррас дорад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Март 10, 2023 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид