«Паёми Китобхонаи миллӣ» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид

Март 13, 2023 19:48

ДУШАНБЕ,13.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи рӯзи матбуоти тоҷик нахустин шумораи маҷаллаи илмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Паёми Китобхонаи миллӣ» бо теъдоди 500 нусха бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки хонандагон имкон доранд дар бахши «Китобхонашиносӣ»-и маҷалла   мақолаҳоро доир ба  «Сиёсати нави  китобдории миллӣ», «Ҷойгоҳи  менеҷменти сифат  дар раванди идоранамоии  фаъолияти китобхона»,  «Нақш ва мақоми  Китобхонаи миллии Тоҷикистон  дар рушди илми  китобдорӣ», «Татбиқи  инноватсияҳо ҳамчун  самти  афзалиятноки  фаъолияти методии китобхонаҳои Тоҷикистон», «Масъалаҳои омӯзиши таърихи фаъолияти  китобдорӣ  дар Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ» мутолиа намоянд.

Инчунин дар бахши «Библиографияшиносӣ» мақолаҳо марбут ба  «Рушди библиографишиносӣ дар Тоҷикистон», «Фаъолияти кишваршиносии  китобхонаҳои  давлатӣ-оммавии Тоҷикистон дар тарғиби сайёҳӣ», «Фаъолияти  илмӣ-тадқиқотии  Хонаи китоби Тоҷикистон  дар марҳилаи ҳозира» гирд оварда шудаанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 13, 2023 19:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад