Пешрафти матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд
ТУРСУНЗОДА, 10.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъомад баргузор гардид, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода рӯзноманигорону кормандони дигари воситаҳои ахбори оммаро табрик намуда, изҳор дошт, ки «таърихи матбуоти тоҷик 11 марти соли 1912 бо нашри рӯзномаи «Бухорои шариф» оғоз ёфта, дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо ҷилои нав рисолати худро идома дод. Имрӯз матбуот дар баланд гардидани шуур, маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳувияти миллии ҷомеа саҳми муассир гузошта истодааст. Рӯзи матбуоти тоҷик бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1994 инҷониб дар саросари Тоҷикистон расман ҷашн гирифта мешавад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар заминаи таваҷҷуҳ ва дасгириҳои Ҳукумати мамлакат аз матбуот ва воситаҳои ахбори омма барои баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, тарғиби ғояҳои баланди инсонӣ, инъикоси рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва ифшои камбудиву бартарафсозии онҳо бо кормандони ин ниҳоди воқеъбин ҳамкории пайваста дорад».
Гуфта шуд, ки “матбуоти маҳаллии шаҳри Турсунзода таърихи 88-сола дошта, пешрафти он бештар ба давраи соҳибистиқлолӣ рост меояд. Солҳои пеш аз Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Турсунзода танҳо як нашрия ва радиои маҳаллӣ фаъолият мекард. Хушбахтона, имрӯз дар даврони соҳибистиқлолӣ майдони фаъолияти матбуот фарох гардида, 6 нашрия- «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», «Фуруғи фарҳанг», «Нури маърифат», «Тибби Бӯалӣ», инчунин телевизиони маҳаллии «Регар», радиои маҳаллии «Садои Осиё» ва радиои ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» дар пурра намудани фазои иттилоотӣ саҳми назаррас доранд. Матбуоти шаҳр дорои мактаб ва таърихи ғанӣ буда, дар баробари бузургтарин нашрияҳои ҷумҳуриявӣ дар пешрафти матбуоти ватанӣ саҳм гузошта истодааст”.
Ҳамчунин тазаккур дода шуд, ки имрӯзҳо дар соҳаи матбуоти маҳаллӣ ва расонаҳои ҷумҳуриявӣ бештар шахсони бомасъулият фаъолият намуда, бо инъикоси мавзуъҳои муҳими рӯз дар баланд гардидани рӯҳияи ватанпарастии насли ҷавон саҳми муносиб мегузоранд.
Дар анҷоми ҳамоиш ба намояндагони якчанд рӯзномаю маҷалла барои ҳамкории судманд сипосномаҳо тақдим ва рӯзноманигорони собиқадору фаъолони соҳаи журналистика бо мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қадрдонӣ карда шуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






