Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ба бунёди токзори хавозавӣ оғоз бахшиданд

Март 29, 2023 12:50

ДУШАНБЕ, 29.03.2023. /АМИТ «Ховар»/. 29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” ба бунёди токзори хавозавӣ, ки барои парвариши 4 намуди ангур пешбинӣ шудааст, оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати токзори мазкур 7 гектар буда, дар он парвариши ангурҳои навъҳои гуногун бо усули исканапайванд дар танаҳои 1453 адад токи амудӣ бо истифода аз таҷрибаи токпарварони шаҳри Турсунзода ба роҳ монда мешавад. Навъҳои пайвандашаванда бошад, аз хоҷагиҳои токпарварии ноҳияи Ашт ва шаҳри Турсунзода дастрас карда шудааст.

Дар боғи миллии Ваҳдат ҳамчунин дар масаоҳати 0,50 га замин анорбоғ бунёд кардаанд. Боғдорон 420 адад ниҳоли яксолаи навъи Сомғорро шинонида барои нашъунамои хуби он аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода мебаранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба олимону мутахассисону соҳа ҷиҳати таьмини амнияти озуқаворӣ, зиёд намудани токзору боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, самаранок истифода бурдани замин ва афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Дар боғи миллии Ваҳдат дар умум 373,7 гектар боғҳои ҳосилдеҳ ва 126,3 гектар боғҳои дарахтони ҷавони ҳосилдеҳ мавҷуд аст, ки аз он ҳамасола ҳосили фаровон ҷамьоварӣ менамоянд.

Дар ҳудуди “Боғи миллии Ваҳдат” 2 сардхона яке бо се камераи захиракунӣ бо ғунҷоиши 100 метри мукааб ва сардхонаи дуюм, бо 5 камераи захиравӣ бо ғунҷоиши 1700 метри мукааб фаъолият дорад.

Дар “Боғи миллии Ваҳдат” намунаи маҳсулоти боғ, аз қабили хушкмеваҳо, меваҷот ва сабзавот ба маъраз гузошта шуд.

Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Ифтитоҳи токзори хавозавӣ дар “Боғи миллии Ваҳдат” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 29.03.2023

Март 29, 2023 12:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Аббоси Ароқчиро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот анҷом доданд
Шарҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокирот бо Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон