Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон
ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 июл дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми мулоқоти сатҳи олии Тоҷикистону Муғулистон барои намояндагони васоити ахбори оммаи дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ оростанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни изҳороти матбуотӣ таъкид доштанд, ки мо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намудем.
Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки санадҳои нави ҳамкории баимзорасида, ба тақвияти бештари заминаи ҳуқуқии рушди робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои гуногун равона гардидааст.
Таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб аз афзоиши ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ҷонибдорӣ намуданд.
Масъалаи тавсеаи бештари тамосҳои байнипарлумонӣ ва таҳкими нақши дипломатияи парлумонӣ дар муносибатҳои кишварҳо ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Гуфта шуд, ки ҳар ду ҷониб ба рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Роҳбари давлати мо оид ба ҳавасмандии ду кишвар дар самти таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар, аз ҷумла саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, инчунин, кишоварзӣ, хусусан чорводорӣ, изҳори андеша намуданд.
Зарурати рушди ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳои ду кишвар, густариши робитаҳо дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъкид гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки масъалаҳои вобаста ба амният, муқовимати муассир ба таҳдиду хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ дар маркази таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор дошт.
Гуфта шуд, ки масъалаҳои коҳиш додани таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, пешбурди рӯзномаи “сабз” ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор муҳокима гардид.
Ҳамкории созанда ва дастгирии ҳамдигарии Тоҷикистону Муғулистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар заминаи ниҳодҳои бисёрҷониба низ мавриди тазаккур қарор гирифт.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди сухан таъкид намуданд, ки зимни музокироти сатҳи олӣ шарикии ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ, бахусус дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ҳамчунин, дигар сохторҳои ҳамкории бисёрҷониба баррасӣ гардид.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд






