ПОКИИ МАНУ ҲАВОИ МАН НАВРӮЗ АСТ! Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?
ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 21 то 23 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.
19 ва 20 март дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Хаво шабона 11 ва рӯзона то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар пойтахт дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз- 21 ва 23 март ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад. 24 ва 25 март дар пойтахти мамлакат ҳавои боронӣ дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, дар се рӯзи иди Наврӯз дар вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво рӯзона дар минтақаҳои мазкур аз 13 то 26 дараҷа гарм мешавад.
Рӯзҳои 19-20 ва 24-25 март дар ин вилоятҳо борон ба амал омада, ҳарорат то 18 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 19 то 23 март ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар дар ғарби вилоят аз 3 то 14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ дар назар аст.
Шабонарӯзи наздик бо назардошти баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. 19-20 март бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Наврӯзи Тоҷикистон имсол ба маротиб фараҳбахштар аст, зеро бо нури офтоби тобон ба тамоми сокинони мамлакат гармӣ ҳадя мекунад.
Ба гуфти равоншиносон, табиати инсон ба вазъи ҳаво алоқаманд аст. Чӣ хуб аст, агар нигоҳҳову андешаҳоро ҳам мисли ҷомаи табиат нав намоем, хонаи дилро покиза созем, мисли поксозӣ ва хонатаконии аҷдодӣ, дар мазраи қалбҳо ниҳоли орзуҳои ширинро бипарварем, мисли сабзаҳои гандум дар Наврӯз ва ба хотири риояи ойини неки наврӯзӣ ҳамдигарро бубахшем, табассуме ба рӯяшону барояшон арзонӣ дорем, ошиқона дар канори ҳам бирақсем ва ҷашни миллиямонро шодбош гӯем. Чуноне Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло гуфтааст:
Наврӯз! Биё, ки душманон дӯст шаванд,
Эҳсони Худо, сафои ман Наврӯз аст!
Бо ҳар нафаси умед покизатарем,
Покии ману ҳавои ман Наврӯз аст!
Оинаи хушнамои ойинҳоям,
Дар даҳр ҷаҳоннамои ман Наврӯз аст!
Ишқу адабу фазилати миллати ман,
Ҷуди ману ноҷудои ман Наврӯз аст!
АКС аз манбаъҳои боз








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






