ПОКИИ МАНУ ҲАВОИ МАН НАВРӮЗ АСТ! Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Март 18, 2023 14:50

ДУШАНБЕ, 18.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз 21 то 23 март дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

19 ва 20 март дар Душанбе ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Хаво шабона  11 ва рӯзона то 18 дараҷа гарм мешавад.  Дар пойтахт  дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз- 21 ва 23 март  ҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад. 24 ва 25 март дар пойтахти мамлакат ҳавои боронӣ дар назар  аст.

Ба иттилои манбаъ, дар се рӯзи иди Наврӯз дар вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво рӯзона дар минтақаҳои мазкур аз 13 то 26 дараҷа гарм мешавад.

Рӯзҳои 19-20 ва 24-25 март дар ин вилоятҳо борон ба амал омада, ҳарорат  то 18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 19 то 23 март ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат ба амал меояд. Ҳаво дар дар ғарби вилоят аз 3 то 14 дараҷа гарм мешавад.  Дар шарқи вилоят шабона 12-17 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Шабонарӯзи наздик бо назардошти баландшавии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. 19-20 март бо сабаби ба амал омадани бориш дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Наврӯзи Тоҷикистон имсол ба маротиб фараҳбахштар аст, зеро бо нури офтоби тобон ба тамоми сокинони мамлакат гармӣ ҳадя мекунад.

Ба гуфти равоншиносон, табиати инсон ба вазъи ҳаво алоқаманд аст. Чӣ хуб аст, агар нигоҳҳову андешаҳоро ҳам мисли ҷомаи табиат нав намоем, хонаи дилро покиза созем, мисли поксозӣ ва хонатаконии аҷдодӣ, дар мазраи қалбҳо ниҳоли орзуҳои ширинро бипарварем, мисли сабзаҳои гандум дар Наврӯз ва ба хотири риояи ойини неки наврӯзӣ ҳамдигарро бубахшем, табассуме ба рӯяшону барояшон арзонӣ дорем, ошиқона дар канори ҳам бирақсем ва ҷашни миллиямонро  шодбош гӯем. Чуноне Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло гуфтааст:

Наврӯз! Биё, ки душманон дӯст шаванд,
Эҳсони Худо, сафои ман Наврӯз аст!

Бо ҳар нафаси умед покизатарем,
Покии ману ҳавои ман Наврӯз аст!

Оинаи хушнамои ойинҳоям,
Дар даҳр ҷаҳоннамои ман Наврӯз аст!

Ишқу адабу фазилати миллати  ман,
Ҷуди ману ноҷудои ман Наврӯз аст!

АКС аз манбаъҳои боз

Март 18, 2023 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст