Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол коргоҳи нонпазию қаннодиро ифтитоҳ намуда, аз намоиши маҳсулоти онҳо боздид карданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истиқлол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи нонпазӣ ва қаннодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Корхонаи мазкур бо тамғаи “Файзи Истиқлол” маҳсулот омода намуда, барои бо сифат анҷом додани фармоиши мизоҷон ва қонеъсозии талаботи бозори шаҳр имконияти мусоидро доро мебошад.
Дар корхонаи нонпазӣ ва қаннодӣ навъҳои гуногуни кулчақанд, торт, шириниҳо бо тамъу лаззати фарқкунанда, самбӯса, манту ва намудҳои гуногуни нон пухтупаз гардида, ба харидорон пешниҳод карда мешавад.
Дар маҷмуъ дар ин коргоҳ то 15 номгӯй маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ омода мегардад.
Тавре зимни боздид иброз гардид, коргоҳ ҳам барои нуқтаҳои фурӯши мағозаву бозорҳо маҳсулот тайёр менамояд ва ҳам имконият дорад, ки фармоиши мизоҷонро барои омодасозии ин ё он номгӯи маҳсулот дар алоҳидагӣ қабул намояд.
Дар як моҳ дар ин ҷо имконият аст, ки то 4 ҳазор намуди гуногуни ширинӣ, 1,5 ҳазор дона торти ҳаҷман хурду калон ва то 350 килограмм маҳсулоти нонӣ тайёр карда шавад ва дар маҷмуъ дар як моҳ то 5 тонна орди аълосифат барои омодакунии маҳсулоти ниҳоӣ истифода хоҳад шуд.
Дар коргоҳи нонпазӣ 10 нафар, асосан бонувони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, ҳамаи онҳо аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд ва бо сифати баланду тамъу лаззати хос маҳсулоти нониву қаннодӣ омода карда, ба мизоҷон пешниҳод месозанд.
Коргоҳ дорои дастгоҳҳои каммасрафу муосири пухтупази нону намудҳои гуногуни ширинӣ буда, имконият дорад, ки тамоми намуди фармоишҳоро мувофиқи хоҳиши муштариён ва талаботи бозори истеъмолӣ тайёр кунад.
Назорати сифати маҳсулоти ниҳоӣ бо ҷалби мутахассисон ба таври доимӣ роҳандозӣ шуда, барои омодакунии кулчақанду шириниҳои гуногуну хуштаъм ва намудҳои нон маҳсулоти аълосифату аз ҷиҳати экологӣ тозаи ватанӣ истифода бурда мешавад.
“Файзи Истиқлол” бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хуршед Очилов бунёд гардидааст.
Ҳамчунин дар ҳамин ҷо намоиши маҳсулоти ниҳоии коргоҳи мазкур, ки бо тамғаи “Файзи Истиқлол” истеҳсол мешавад, доир гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид кормандон ва масъулинро вазифадор карданд, ки пеш аз ҳама, ба сифати маҳсулоти ниҳоӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд ва бо омӯзиши ҳамаҷонибаи талаботи бозору хоҳиши мизоҷон номгӯи маҳсулотро низ зиёдтар намоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ боғчаи бачагонаи «Маҳдия»-ро ба истифода супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба таври фосилавӣ 20 иншооти таъиноташон гуногун ва 70 километр роҳҳои маҳаллиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Меҳмонхона ва Маркази хизматрасонии «Эҳсон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Беморхонаи хусусии «Тибби Ҳулбук»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 8 иншоотро дар ноҳияи Фархор ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Маркази адлияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи омӯзгорон
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






