Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлолро мавриди истифода қарор доданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Осорхонаи таърихии шаҳри Истиқлолро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои осорхона дар доираи амалӣ намудани тадбирҳои созандагию ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бо тарҳи меъмории миллӣ навсозӣ карда шудааст.
Бинои осорхона 1-ошёна буда, дар он 3 толори нигоҳдории нигораҳои таърихӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд аст, ки давраҳои гуногуни таърихии шаҳри Истиқлолро бозгӯӣ мекунанд.
Ба ақидаи таърихшиносон, қадимтарин ёдгорие, ки дар ин осорхона нигоҳ дошта мешавад, таърихи беш аз 500-сола дорад.
Дар иншоот толори калон дар масоҳати 256 метри мураббаъ, хазина ва даҳлез ҷойгир аст.
Дар толори намоишии осорхона ҷои нигоҳдории нигораҳо, ҳуҷраҳои корӣ, ташхисгоҳ ва дигар иншооти хизматрасонӣ мавҷуд аст.
Нигораҳо ва тасвирҳо дар осорхонаи мазкур аз гузаштаи таърихи куҳани шаҳри Истиқлол шаҳодат дода, дар муаррифии ёдгориҳои он нақши муҳим дорад.
Мавриди тазаккур аст, ки дар шаҳри Истиқлол ёдгориҳои таърихии дар натиҷаи кофтуковҳои археологии олимон пайдошуда дар осорхона ҳифзу нигоҳдорӣ карда мешаванд.
Инчунин ҷиҳати зебо нигоҳ доштани иншооти мазкур дар атрофи он корҳои сабзазоркунӣ анҷом ёфта, дарахтони ороишию сояафкан шинонида шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки дар доираи сиёсати фарҳангпарварона ва таърихдӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд иншооти зиёди фарҳангӣ бо тарҳи муосир бунёд гардида, ёдгориҳои таърихӣ низ навсозӣ шудаанд, ки ҳамасола сайёҳони дохилию хориҷӣ аз онҳо боздид менамоянд.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон






