Пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешаванд

Март 17, 2023 14:40

ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади  таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500-сомониро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ин тасмим дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 65, 67 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шуда, ҳадафаш таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ мебошад.

Тибқи хабари  манбаъ, пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500  дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017, 2018 ва 2021, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.

          АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Март 17, 2023 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2331 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»