Пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 ба муомилот бароварда мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500-сомониро ба муомилот мебарорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ин тасмим дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 65, 67 ва 77 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» гирифта шуда, ҳадафаш таъмин намудани иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ мебошад.
Тибқи хабари манбаъ, пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017, 2018 ва 2021, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2022 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Рушди инфрасохтори пардохтӣ дар вохӯрии минтақавии роҳбарияти бонкҳои миллии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баррасӣ шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






