РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Исломобод нишасти хабарии муштараки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор гардид

Март 14, 2023 14:18

ДУШАНБЕ, 14.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар Исломобод нишасти хабарии муштараки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Покистон  дар робита ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни суханронӣ сафири Тоҷикистон дар Покистон таъкид намуд, ки конфронс чорабинии муҳими СММ буда, онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи Нидерланд аълоҳазрат Виллем-Александр раисӣ хоҳанд кард.

Дар нишасти хабарӣ  муовини аввали вазири захираҳои оби Покистон Ҳассан Насир Ҷами иштирок намуда, ба ҳозирин мавқеи кишвари худро доир ба ин чорабинии муҳими байналмилалӣ изҳор намуд.

Нишасти хабарӣ бо иштироки намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, захираҳои об, корпуси дипломатӣ, сохторҳои СММ дар Исломобод, мутахассисону рӯзноманигорон ва шабакаҳои телевизионии Покистон баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси оби СММ 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд баргузор хоҳад шуд. Нишасти мазкур баъд аз Конфронси оби сатҳи баланди соли 1977 дар Мар-дел-Плата нахустин Конфронси оби СММ дар чунин сатҳ ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 14, 2023 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид