Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб гардид

Март 3, 2023 10:47

ДУШАНБЕ, 03.03.2023 /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

2 март дар  шаҳри Москваи Федератсияи Русия дар заминаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Анҷумани 15-уми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё оғоз гардид, ки дар кори он роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии бонуфуз аз давлатҳои АвруОсиё, аз ҷумла ҳайати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректор Қобилҷон Хушвахтзода иштирок доранд.

Дар қисмати аввали Анҷуман ба Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё аъзои нав қабул карда шуданд. Якчанд муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷониба ва истифодаи таҷрибаи пешқадам ба Ассотсиатсияи мазкур шомил гардиданд.

Дар ифтитоҳи Анҷуман Қобилҷон Хушвахтзода дар робита ба самтҳои гуногуни илмию таълимӣ ва саҳми Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дар рушди ҳамаҷонибаи донишгоҳҳои ҳамкор сухан гуфт.

Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ рушди ҳамкорӣ дар самти табодули устодону донишҷӯён, ташкили ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар самти илму истеҳсолот ва навоварӣ, ба роҳ мондани низоми таълими 2+2, таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва лоиҳаҳои таҳқиқотӣ, ташкили ҳамоишҳои эҷодӣ-таҳқиқотӣ миёни ҷавонон,  омода намудани мақолаҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкорӣ дар низоми аспирантураву магистратура дар шакли 1+1 талаботи замони муосир мебошад.

Дар қисмати дуюми Анҷуман дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти таълим, илм, тарбия, муносибатҳои байналмилалӣ, ташкили кор, усулҳои идоракунӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ баён гардида, донишгоҳ ҳамчун муассисаи пешсаф муаррифӣ карда шуд.

Дар натиҷаи овоздиҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба ҳайси ноиби Президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд.

Зимни баргузории Анҷумани мазкур дар самти ҳамкории гуногунҷанбаи аъзои Ассотсиатсия ёддоштҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Аз ҷумла, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо ректори Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Виктор Садовничий оид ба самтҳои мухталиф табодули афкор намуд. Дар зимн байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов бо мақсади рушди ҳамкории илмию таълимӣ ва истифодаи таҷрибаи пешқадам созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тазаккур дода шуд, ки имрӯз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 326 муассисаҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотии хориҷи мамлакат равобити мутақобилан судманд дорад.

Имрӯз, 3 март дар доираи баргузории Анҷуман дар пояи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов Форуми Донишгоҳи шабакаи АвруОсиё ба нақша гирифта шудааст. Гуфта мешавад, ки форум дар бахшҳои гуногун доир мегардад.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 3, 2023 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар назди 12 муассисаи таълимии шаҳри Ваҳдат биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 240 ҳазор кӯдакон ба синфи якум рафтанд
Аз 1 сентябр донишҷӯёни тоҷик дар Русия метавонанд ҷойи зисти худро тавассути барномаи мобилии «Амина» ба қайд гиранд
Президенти Тоҷикистон: «Падару модарон ба тарбияи фарзандон бояд бо масъулияти баланд муносибат намоянд»
Пешвои миллат дастур доданд, ки сифат ва муҳтавои китобҳои насли нав беҳтар карда шавад
Президенти Тоҷикистон: «Зарур аст дар байни ҷавонону наврасон фарҳанги истифодаи шабакаи интернет баланд бардошта шавад»
Кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон суханронии Президенти Тоҷикистонро дастҷамъона тамошо намуданд
Пешвои миллат: «Ба мо, пеш аз ҳама, мутахассис зарур аст, на ҷавоне, ки танҳо соҳиби диплом аст»
МАКТАБУ МАОРИФ — ВАСИЛАИ ҲИФЗУ ТАҲКИМИ СУЛҲУ ОРОМӢ ВА СУБОТИ СИЁСӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи дониш
Эмомалӣ Раҳмон: «29 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо квотаи президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд»